Фоҷиа

Ҳикояҳо

Дохили хона нишаста доду фарёди бачаҳову калонсолон ба гӯшам расид. Кунҷковиям боло гирифту ба пешайвон баромадам. Офтоби оламоро нурпошӣ дошт. Дар поён гурӯҳи одамон аз ҷой наҷунбида ба як нуқта менигаристанд. Гурбаи сиёҳи фарбеҳи дуздро дидам. Қадре болотар як ҷуфт майна худро чун шоҳин фиғонашон ба осмон печида, сӯи гурбаи дузд меандохтанд. Гурба ин ҳангом бо пои ақибаш рост меистод ва ҳамлаи ҷонвараконро гардониданӣ мешуд.

Майнаҳо расам-нарасам худро боз ақиб мегирифтанд. Чунин ҷуръат се маротиба такрор ёфт. Ба ҳайрат омадам. Сипас, сӯи гурба бо диққат нигоҳ афкандам. Зоҳиран, фикри гурехтан ба сараш намеомад. Зери пои пешаш чӯҷаи нав аз тухм баромадаи ҷуфти майна мехобид. Ҳар гаҳ, ки гурба онро ба даҳон мегирифт, майнаҳо тирвор худро ба сари гурба мезаданд.

Мардум, чӣ тифлакон, чӣ падару модарашон саргарми тамошо. Интизор буданд, ки талоши гурбаи дузд ва ҷонкании як ҷуфт майна бо чӣ меанҷомад. Писарчае механдид. Духтарчае гиря мекард. Ҳарду ба ҳоли зори майнаҳову чӯҷаашон. Чӯҷаи навзод аз бардору зани гурба акнун мурда буд. Ҷуфти майна боз як дафъа ҳуҷум оварданд. Гурба рисқи ба даҳон гирифтаашро раҳо кардан намехосту майнаҳо ба тақдири худу чӯҷаашон тан доданӣ набуданд. Гурба пайташро поида чӯҷаро газида гурехт. Майнаҳо ба замин бархӯрданд. Ва боз ба боло париданд. Одамон аз ҷой наҷунбида тамошо доштанд. Ман ҳамчунин. Фақат писарчаю духтарча истисно буданд. Яке механдиду дигаре мегирист. Аз дилу ҷигари ҷуфти майна дуд мебаромад…

← Бозгашт ба осор