Хонаи аҷдодӣ

Ҳикояҳо

Писари калонӣ аз модар фотеҳаи роҳи сафед талабид. Чизу чора, бору бунаш ғундошта, зану фарзандонаш омодаи ба ҳавлии нави хеш кӯчидан буданд. Модар дуои нек гуфт. Ва гиряаш омад. Медонист, ки манзили писари аввалаш қариб аст, вале акнун, азбас, ҷудо рӯзгор мегузаронад, дастархону дегу табақаш алоҳида аст, як қадам дур метофт. Сипас худро тасалло дод, шукр кард, ки писари дуюмаш ҳамдаму пуштибони ӯст…

Ҳамон тобистон писари хурдӣ алоҳида-алоҳида барои модари худ хонаҳои даҳлездор, барҳаво созонд. Зеро, ки модар тирамоҳ нияти арӯс овардан дошт.

Шукр, онҳо ба муроду мақсадашон расиданд. Модар боз соҳиби набера шуд.

Ва аз ҳамон айём инҷониб касе дар хонаи кӯҳнаи писари калонӣ намезист. Даруни он ҳезуму ангишт, лашу луши нодаркор мехобид. Ҳеҷ зарурат набуд, ки бомашро бо лои коҳомехта андова бикунанд, то ки борон ё оби барф нагузарад. Бо мурури замон рӯзу солҳо аз дару тирезааш ранг паридаву оинаҳояш шикаста рафтаанд. Пойдеворашро оҳиста-оҳиста шӯр зад. Вассаҳои шифташ пӯсидаанд, тортанакҳо тор метаниданд. Аз он мавсиме, ки беодам холӣ монд, дигар ягон баҳор фароштурукҳо лона намесохтанд. Ангури токи дар пешгоҳи хонаи афсурда воқеъбударо дар вақт-вақташ хомток кунанду дору пошанд ҳам меваашро саропо хок мезад.

Дар ин миён набера ба воя расид. Илм омӯхт, дар кишвари бегона хизмати ватан ба ҷо овард. Рӯзе вай бо амри тасодуф соате, ки ҳарду бародар бо ҳамсаронашон ва фарзандонашон сари дастурхони модар ҷамъ омада буданд, арзи дил кард.

– Мехоҳам ҳамон хонаи кӯҳнаро вайрон ва аз хишт хонаи нав бунёд кунам.

Набераи хурдӣ интизори розигӣ биистод.

Пиразани навадсола оҳе кашиду гуфт:

– Қариб шаст сол пеш раҳматӣ шавҳарам худашон синҷҳои ин хонаро рост кардаву дару тирезаашонро шинонда буданд…

Писари калонӣ ёдовар шуд:

– Овони бачагиям, тӯи домодиям низ дар ҳамин манзил гузашта буд…

Ба гуфтугӯ келини аввалин ҳамроҳ шуд.

– Писари калониямро сию шаш сол пеш ибтидои фасли хазон даруни ҳамин хонаи кӯҳна таваллуд карда будам…

← Бозгашт ба осор