Захми сухан

Ҳикояҳо

Бача будем. Дар синфи ҳафтум мехондем. Як ҳафта инҷониб аз фанни адабиёт ба мо муаллими нав дарс мегуфт. Ӯро бағоят ҷиддиву сахтгир ва донишманд мешумориданд. Ҳақиқатан забони бурро дошт, шеъри бисёре азёд медонист, бе китоб сухан меронд. Касе ҳад надошт, ки ба ҳампартааш гап занад, ё бо кори беҳуда машғул шавад. Он рӯз мавзӯъ – вазни арӯз буд.

Муаллим аз ҳар кас мепурсид. Зоҳиран мекӯшид, ки моҳияти арӯзро ҳама донанд. Шояд гумон дошт, ки оянда бе арӯз рӯзи мо намегузарад. Ҳамсинфон ба қадри тавоноии хеш фаҳмидаю-нафаҳмида ҷавоб медоданд. Навбати Валиҷон буд, ӯ аз ҷояш бархост.

– Ман намедонам.

– Чаро?

– Чунки намефаҳмам.

– Хондан лозим.

– Хондам. Лекин намефаҳмам.

– Калла дорӣ?

– Дорам. Бо вуҷуди ин аз ман шоир намебарояд. Донистан шарт набудагист.

Мо ҳама, ки аз ҳайбати муаллим метарсидем, ҷуръати Валиҷонро дида ҳайрон шудем, гуфтугӯи муаллиму вайро фақат мушоҳидакунон менишастем.

– Падарат дар куҷо кор мекунанд?

Валиҷон сарашро поён афканд. Сабаби инро мо медонистему муаллим не. Вагарна эҳтимол суол намедод. Хомӯширо яке аз рафиқони дар партаи пеш шиштагӣ вайрон кард.

– Дарбони беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, – пичирросзанон гуфт вай. Аммо ҳама пай бурданд.

– Маълум. Набошад, вазни арӯзро нафаҳмӣ, ту ҳам пеши падарат меравӣ.

Дар чашмони ҳамсинфамон аз гапи муаллим ашк ҳалқа зад. Вай чизе гуфтанӣ буд. Лекин натавонист.

Садои занги танаффус моро ба худ овард. Ба номи директори мактаб аҳли синф якдилона ариза навиштем. Ба мо муаллими нави фанни адабиётро таъин карданд.

Солҳо гузаштанд. Ҳамсинфон гоҳ-гоҳ ҷамъ меоем. Бачагиву мактаб, муаллимонро ёдовар мешавам. Номи муаллими вазни арӯзро ба сардӣ ба забон мегирем.

Дар кӯчаҳо дидан замон ашки ҳамсинфамон пеши хотирам меояд ва самимона пурсупос карда наметавонам.

← Бозгашт ба осор