Порчаҳо аз навиштаҳои солҳои 1995–2025.
Ҳусни таваҷҷӯҳи маро ҳамчун эҷодкори ҷавон ҳанӯз аз овони дар телевизион кор карданаш ба худ кашида буд. Сабк ва тарзи гузоришҳои ӯ аз ҳамсолонаш ба куллӣ фарқ мекард. Аз суханҳои хушк ва берангу бӯ, ҳамду саногӯиҳои бебунёд нависандаи ҷавон парҳез мекунад.
Меҳмон Бахтӣ · 1995Адиби мӯшикоф дар тарҷумаҳояш низ кӯшиш мекунад, ки ба умқи ҳама гуна ашё фурӯ равад, моҳияти онро дарк намояд. Ӯ аз ҳар як асари интихобшудааш пеш аз ҳама маънӣ меҷӯяд. Маънии баланд. Вай ба тарҷума чун ба моли худаш муносибат менамояд.
Ҳамроҳи Авлиёпур · 2003Дар эҷодиёти Абдуғаффор Абдуҷаббор мо рассом, файласуф, равоншиноси нозукбин ва муҳаққиқи ҷони инсонро мебинем. Ӯ ҳаяҷони лирикии рассомро бо нигоҳи ҳушёри таҳқиқи реалистӣ ба таври аҷиб ба ҳам меорад.
Татьяна Исабаева · 2007Дар қиссаҳояш на задухӯрдҳои шадиди қувваҳои ба ҳам зид, балки андешаву мулоҳизаҳои печидаи персонажи марказӣ ба мушоҳида мерасанд. Нависанда заминаҳои равонию таърихӣ ва иҷтимоии инкишофу ташаккули характерро тадриҷан ошкор месозад.
Ҷӯрахон Бақозода · 2007Ҳикояҳое, ки аз ду-се саҳифа иборатанд, мусаввараро мемонанд. Нависанда як воқеаи хурду дар назари аввал одиро ба тасвир гирифта, мисли рассоми чирадаст ҳар як рангро равшану зебо ва дар ҷояш ба кор бурдааст.
Равшани Махсумзод · 2008Агар аз ман суол мекарданд, мегуфтам, ки беҳтарини беҳтарини асари адиби дӯстдошта ин қиссаи «Куҷоӣ ту аё мақсуди дастнорас?» мебошад, ки маро ҳар дам чун оҳанрабо сӯи худ мекашад. Ҳар навиштаҳояш ба кадом забоне чоп шавад, хонандаи нуктасанҷи худро меёбад.
Муҳаббат Ҳалимова · 2008Ӯ ҳамчун рӯзноманигор худро шинохт. Дар бораи шахсиятҳои илму ҳунар садҳо очерку мақола навиштааст. Ҳар яке ба ӯ дунёи навро мекушоданд. Ӯ аз як лаҳза, як порчаи ҳаёти одамон характер, хислату рафтору гуфтори қаҳрамонҳояшро мекушояд.
Шаҳобиддин Ҳақназар · 2011Абдуғаффор, резаҳикоятро бошавқ хондам. Ба қироати «Зоопарк» зӯрам нарасид: аз чашмам об меравад. Медонӣ, истеъдод ба халқ мансуб аст. Хаёл мекунам, ки ин ба ту ҳам дахл дорад.
Асаналӣ Ашимов · 2012Повести «Барфи охирин» дар эҷодиёти нависанда мақоми алоҳида дорад. Ғояи асосии асар эҳтиёт кардану авло донистани Виҷдон аст. Асар ба услуби ба модерн наздик офарида шудааст.
Амир Файзулло, Ӯзбекистон · 2016Чанд сол пеш ба журналисти маъруфи афғон Аҷмал Кошонӣ тарҷумаи тоҷикии «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Маркесро тақдим кардам. Баъди муддате ба ман занг зад: «Агар ҷаноби Маркес ин тарҷумаро мехонданд, забони ноби тоҷикиро, бешак, ёд мегирифтанд». Магар мояи ифтихор нест, ки журналисти колумбиягӣ Мартин Родригес адиби тоҷикро сафири адабиёти Колумбия дар Осиёи Марказӣ номидааст?
Наҷмиддини Шоҳинбод, Мирзо Тоҳирӣ · 2016