Раҳ ба сӯи оғӯши модар

Ҳикояҳо

Дар фазои хонае, ки рӯи девори сафед он нурҳои моҳи сарди осмони зимистон аксандоз меёфт, овози шинос лаҳзае танинандоз гашт:

– Пи-са-рам…м…

Ва нопадид шуд. Ҳамин лаҳза кифоягӣ кард, ки ӯ соҳиби садоро бишнаваду зиёда аз он бишносад. Вале дили шаб буду ақлу ҳушашро хоб рабуд ва дигар имкони андешидан, чӣ зуҳурот буду куҷо рафт гуфтан наёфт…

Занги телефонро шунид, осемавор аз ҷогаҳи гарм бархост, зоҳиран садои он аз пешин баландтар буд.

– Лаббай… – гуфт Шӯҳрат ҳанӯз ба торикӣ одат накарда. Овози ороми ҳамсинфашро шинохт. Ва пурсид:

– Тинҷӣ аст?

– Ҳмм… Падарат хоҳиш карданд, ки ба ту расонам: аҳволи модарат вазнин шудааст. Ба хонаи акаат худат хабар деҳ…

Шӯҳрат маънои зангро фаҳмид. Вай чанд сол инҷониб ин лаҳзаро интизор буд. Инак, он фаро расид, фақат афсӯс хӯрд, ки дами вопасин дасти модарро гирифтан муяссар нагашт…

Ҳамроҳи бародару янга ва писарчаи ҳаштсолаи онҳо Қобус ҷониби ағба раҳсипор шуданд. Ин роҳи осмониро азбас барф, ки зиёд борида ва қуллаашро саропо зери тасарруфи худ даровард, як моҳ пештар баста буданд. Аммо мардуми корафтодаи кӯҳистон чун анъанаҳои қадим пиёдаву савора илоҷе ёфта убур мекарданд. Мавзеи аз ҳама душворгузар ё касногузар гуфта Шодмондараро меҳисобиданд. Аз он тарафаш ҳеҷ боке нест…

То домани ағба андак раҳ мондаву ба димоғ бӯи барф расид ва сардии тези он эҳсос, осмони болои ағба торафт тиратар шуд. Ва мошин бо азоб пеш мерафт. Дохили он боз чаҳор нафари дигар ҳамсафар, сумкаҳои пур аз либоси гарму тӯшаи раҳ буданд.

Қобус ман гурусна гуфт.

Шӯҳрат нону себ дод. Ҷиянаш оромид.

Худашон ҳам гурусна, вале дилашон чизе намеҷуст, мисли пешин, ағбаро, ки гузаштанд, баъд наздики нисфирӯзӣ наҳорӣ мекунанд.

Мошин хеле боло рафт, раҳ морвор тоб мехӯрд, аз саргаҳи ағба деҳаи поёнӣ чун дар рӯи каф метофт. Шӯҳрат ин дафъа дурудароз не, як назар афканд халос, чунки ҳушаш побанди хонаводаашон буд…

… Шаби тӯй ҳамроҳи падараш сари болини модар нишастанд.

– Кампир, бубин, ки кенҷаписарат ҷомаи домодӣ ба бар кардааст, орзу мекардӣ, дидӣ, дигар ормонамон намонд…

Шӯҳрат кафи дастони пуробилаи модарро бар лабонаш бурду бӯсид. Ва гӯё нури дидагони пиразан афзуд, лабонаш моили табассум шуданд, чеҳрааш мадори шукуфтан мекофт…

Баъд аз чиллагурезон арӯсу домод ба шаҳр омаданд. Ду моҳ пас Дилафрӯз ба Шӯҳрат гуфт:

– Ман ба ноҳия меравам.

– Магар ягон воқеа рӯй дод?

– Не, фақат мехоҳам ҳамроҳи модаратон бошам, дуо гирам.

– Модарам бистарӣ бошад ҳам, танҳо не-ку.

– Медонам, мӯйсафед мард, дасткӯтоҳӣ мекашанд.

– Хоҳаронам зуд-зуд меоянд, саробон мешаванд…

– Худро фиреб надиҳед. Онҳо сербача, бо ташвишҳои оилаҳояшон банданд, дар дигар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд.

– Хайр, сахт мушкил шавад, ҳамсоязанҳо ёрӣ медиҳанд.

– То кай? То кай модар ҳар лаҳзаи зарурат нигарони онҳо меистад. Баъд кӣ онҳоро рафта ҷеғ мезанад?

Дилафрӯз, ки дар деҳа ба воя расидааст, аз бисёр нозукиҳои рӯзгор бохабар буд, аз ин рӯ дурандешӣ зоҳир мекард…

Ва Дилафрӯз ҳамарӯза бистари пиразани барҷомондаро нарму тоза нигоҳ медошт, мӯйҳои сафедашро шона мезад, дасту пойҳои бемадору шахшудаашро мешусту молиш медод…

Падарашро аз хиҷолат назди мардум раҳоӣ бахшид. Дилафрӯз дастархондору гармии хонадон буд…

Ва соаташ пур шуду Дилафрӯз набераи пирамардро ба дунё овард…

– Дигар имкони рафтан нест, – ронанда мошинро аз ҳаракат боздошт. – Намехоҳам, ки ҷони шуморо ба хатар андозам. Барф монад, офтоб бароят, баъд…

Чор тараф барфпӯш буд, дар ҳаво низ пағаҳои барф мерақсиданд.

– Акнун ақиб ҳам рафта намешавад, – боз овози таассуфангези соҳиби мошинро шуниданд.

– Наход ягон илоҷе набошад, – гуфт бародари Шӯҳрат.

Касе садо набаровард, ба интизорӣ тан дода буданд.

Вале онҳо, Шӯҳратино, шитоб доштанд.

Ва ҳоло зоҳиран дар саросари дунё аз ағба дида зӯртар чизеву мавҷудоте набуд. Аламовар он, ки ағба ғами андӯҳи ин чор нафар мусофиронро намехӯрд. Ағба гунгу кар ва сард буд, намедонист, ки он тараф, поинтар ҷасади модари Шӯҳрат фарзандонашро чашмдор аст… Ағба бераҳму карахт меистод…

Рӯз бегоҳ шуд, шаби тор фаромад.

Калонсолон дар партави тираи чароғи хираи дохили мошин, ҳар кӣ ҳар чӣ доштанд, хӯрданд. Вале Шӯҳратино базӯр луқмае чанд ба даҳон бурданд… Ӯ бори нахуст то чӣ ҳад гоҳо талх будани пораи нонро фаҳмид…

Кор аз кор гузашта буд, тақдир ҳукми худро равонд, аз охирин дидори чеҳраи сарду пурожанги модар маҳрум монданд…

– Хешу табор, аҳли деҳа ҳама ҷамъ шудагистанд…

– Будагӣ гап, мӯйсафедро танҳо намондаанд, – бо дилпурӣ ҷавоб дод Шӯҳрат. – Фақат роҳи моро аз поидан ба як ҷо расидагистанд…

Онҳо даҳҳо маротиба тавассути ағба рафта меомаданд ва аввалин дафъа аст, ки ин қуллаи беҷону бепарво онҳоро ба оғӯши худ асир гирифт ва маълум набуд, ки кай хатти озодӣ медиҳад…

Боре айни авҷи тобистон занг зада хабар дод, ки пагоҳ фалон соат бо се нафар ҳамкорон ба ноҳия расида мераванд, сафари хидматӣ дорад. Вале гапи хона ба бозор рост наомад. Ду соат дер баромаданд, дар роҳ андак зиёдтар дам гирифтанд ва ҳангоме ба деҳаи Дашти Қозӣ ворид шуданд, Шӯҳрат аз дур, дар хамгашти ҳавлиашон падарашро дид. Мӯйсафед лаби ҷӯ рост меистод.

Шӯҳрат танҳо бегоҳ аз ҳамсараш фаҳмид, ки падар бештар аз чор соат дар кӯча чашм аз роҳи омадани фарзанд наканда мунтазир нишастааст…

Бегоҳӣ Шӯҳрату ҳамкоронаш ба ҳавлӣ омаданд, дасту рӯй шуста сари дастархон нишастанд. Баъди «Хуш омадед, меҳмонони азиз» гуфтану чои гарм овардан Шӯҳрату падараш узр хоста берун баромаданд.

Ҳамроҳ ба аёдати модар расиданд, ки хонаяки алоҳида дошт. Шӯҳрат ҳар дафъа, ки ояд, аз рухсораҳои замоне суп-сурхи модар мебӯсид, дастони камхунашро ба дидагонаш мебурд.

– Кампир, кенҷаписарат бо дӯстонаш барои хабаргирӣ омадааст…

Ашк дар гирди чашмони модар ҳалқа зад.

– Шукр… Шӯҳратакам лоиқи меҳрубонии дӯстон шудаасту ман… наметавонам, ки аз ҷой хеста ҳурмату иззати меҳмонҳоро ба ҷо биёрам…

– Не-е, ба дил нагиред, ҳамааш омода аст… Гоҳ-гоҳ набератона оварда нишон медиҳад? – аз модараш пурсид.

Пиразан мижа зад, ки маънои «бале»-ро дошт…

– Гӯсфанд куштем, кампир, – гуфт мӯйсафед, – ҳозир келин оби шӯрбо мебиёрад…

Вақте ба сари дастархон баргашт, касе аз меҳмонон пурсид:

– Хола наметобанд, сиҳат-саломатанд?

– Кӣ? – нафаҳмид Шӯҳрат.

– Модарро мегӯям, аҳволашон нағз аст?

– Ҳа, он кас ду се рӯз пеш ба хонаи апаи калонӣ рафтаанд, шояд имрӯз биёянд…

Шӯҳрат истиҳола намекард, аммо он рӯз намехост, ки дӯстонаш сари нону намак хиҷолат кашанд…

Нимхобу нимбедор соатҳо гузаштанд ва субҳи рӯзи нав дамид. «Агар дар хона мебудем, ин саҳар ба сари хоки модари раҳматиям мерафтем». Ва дандон ба дандон монд. Ронанда сигор мечокид.

– Хайрият, барф боридан бас кардааст.

– Аздусар роҳ банд.

– Он тарафи ағба, агар трактор бошад, барфро тоза карда, роҳ кушода-роҳ кушода мебиёяд.

– Рафту наояд чӣ? – пурсид акааш.

– Росташро гӯям, шумо бояд донед, ҳоло мавсими роҳи ағба кушодан нест… Баъд булдозерчӣ магар хоб дида, ки мо ин ҷо банд мондаем?

– Не, – гуфт Шӯҳрат, – аз ин обу ҳаво лутфу марҳамате чашмдор шудан беақлӣ аст. Барои мо ягона роҳ пиёда рафтан. Қобусро бо навбат пуштора карда мебарем. Гӯшаи телпакашро поин фароред, янга, мабодо гӯшҳояшро хунук занад, шарфашро ҳам сахт бандед. Аз ағба он тарафтар шояд ягон мошин, ҳеҷ набошад, трактор ёфт мешудагист…

Охир мӯйсафед медонанд, ки мо рахти сафар бастаем, расида наравем, аҳволашон чӣ мешавад?...

Барф то зону буд, дар қуллаҳои ағба то миён мерасид ва он сӯяш рафта-рафта боз то зону поин омад. Муаллиф ба тасаввур кардани мушкилоти ин лаҳзаҳо мекӯшад, вале қалам ба тавсифу ифода оҷиз аст. Ҳарчанд пойҳои яке варамидаву дигаре сармозада… ва мисли кунда кашола мекарданд, ва боварашон намеомад, ки аз муҳосираю чанголи барфҳои ағба раҳо ёфтанд…

Гӯё раҳо ёфтанд…

Кунҷи раҳ нишастанд, то ором нафас рост бикунанд, ба худ оянд, охир қитъаи касногузарро паси сар карданд…

Ғулғулаи тарма, ки аз боло сарозер фурӯ меомад, дар як он ҳамаро ба даҳшат кашид. Бародару янгааш ҷаста аз дами бало гурехтанд. Шӯҳрат низ метавонист, лек дид, ки ҷиянаш Қобус ҷонҳол давиданӣ шуда пешпо хӯрд. Ва ӯ, ки аз ҳама наздиктар буд, боз истода ақиб гашт. Қобусро бардошта тела дод, ба умеде, ки андаке суръати тохташ афзояд.

Қоматашро рост намуд, дигар фурсати қадам бардоштан нашуд…

Тарма сангу сангреза, ҳар мавҷдоти сари роҳаш пеш истодаро ба ҳам меомехт ва рӯфта мебурд. Шӯҳратро низ ба комаш афканд…

Сонияе он садои барояш аз овони тифлӣ ошноро зери баногӯшаш рӯшан шунид. Сипас, амвоҷи ғаддори тарма одамеро, оламеро, садои азизеро бо ҳам омезиш доду пахш кард…

Кӯҳҳои сокити рӯ ба рӯй, осмони тираи баланд аз ин бозии зиндагиву табиат зоҳиран ба таҳайюр афтода буданд…

← Бозгашт ба осор