Писараке, ки писта мефурӯшад
Кулбаи кулӯхинашон дар қуллаи кӯҳтеппа воқеъ буд. Писарак ҳаррӯз тӯли ним соат, осон, сабук рӯ-рӯи пайроҳаи падараш, зеро ба ҷуз оилаи онҳо болои қулла каси дигаре намезист, поин меомад ва даме, ки офтоб комилан гум мешуду атрофро торикӣ пахш менамуд, ӯ кӯлворашро пуштора карда, агар холӣ бошад, сурудхонон ҷониби манзилашон ва гоҳе, ки рӯзаш бебарор мешуд, сархаму ғамгин роҳ мепаймуд, роҳи даврони бачагиашро. Баҳору тобистону аввали тирамоҳ пойлуч ва мавсими боқимонда мӯзаи кӯҳнаи шаху дурушти падарашро пӯшида мегашт.
Қади роҳи калони мумфарш, ки зуд-зуд мошинҳои гуногуни ранг ба ранг босуръат мегузаштанд, ташвишу тараддуди шодиовар, ба таври лигар гӯем, зиндагии ҳақиқӣ шурӯъ мегардид, ба шарте, ки ин ё он мошинсаворон таваҷҷӯҳе карда биистанд. Писарак мусофиронро медиду ҳамеша ҳавас мекард, ки ана, онҳо ҷониби шаҳр равонанд, ё баъди тамошои шаҳр сӯи хонаашон бармегарданд, хусусан ба бачаҳои ҳамсолаш аз дилу ҷон ҳасад мебурд, ҳасад мебурду худро таскин медод, ки андак-андак, ки пул ғун кард, падараш ҳатман ӯро ба шаҳр мебарад. Мегӯянд, ки шаҳр серодам, пурғавғо аст, биноҳои баландаш бисёр, мағозаҳои хел ба хел дорад, ба ҳадде, ки одами деҳотӣ ҷуръати даромадан намекунад. Писарак паи бузу гӯсфандашон тал ба тал масофаҳои дурро тай кардаасту вале ҳанӯз шаҳрро надидааст.
Риштаи хаёли ӯро «Волга»-и сафед бурид. Марди қоматбаланди костюмпӯше аз ҳама пеш фаромаду ҷониби пуштаҳо рафт. Ронандаву ду одами дигар берун шуда, аввал хамёза кашиданд, сонӣ миёни худро тоб доданд. Писарак фурсатро ғанимат дониста, як қабза ҳазориспандро даргиронд. Қуттии тунукагии сип-сиёҳи дудолудро таги мошин бурд, чархҳоро ирим кард. Ин ҳангом соҳиби мошин бепарвоёна гуфт:
– Э ҷӯра, биё, ақаллан дар ҳамин ҷо ғам надеҳ…
– Роҳи сафед ба шумо, аз таги мошинатон доим шамол гузарад…
Писарак қуттии ҳазориспандро як сӯ гузошту халтаашро пеш овард.
– Писта гиред, амак, шаддаи дароз, пуч надорад…
– Аввал бигӯ, ки об дорӣ? – пурсид марде, ки паси пуштаҳо рафта буд.
– Ҳа, оби чашма, тоза, ман ҳозир…
Писарак даҳ метр онсӯтар аз ақиби харсанге чойники обро гирифта овард.
– Канӣ, бирез, даст шӯем. Аҳ, аҳ, аҳ! Оби чашма маҳрами ҷон. Чашма аз ин ҷо дур аст? – кунҷковӣ кард аз ҷумак нӯшида.
– Барои мо, ки одат кардаем, наздик, барои шумо шаҳриён дур аст.
– Пистаат чанд пул доно?
– Даҳ дирам.
– Даҳ шадда ҷудо кун. Ҳисоби обатро ҳам аз ёд набарор.
– Дар тарафҳои мо обро намефурӯшанд…
– Ҳа… Чандсолаӣ?
– Дувоздаҳ… Чӣ буд?
– Бо писарам баробар будаӣ.
– Бачаатон мактаб мехонад?
– Албатта, вале суст, танбал аст. Ту чӣ, дар кадом синфӣ?
– Ман… давраи ҷанг дари мактаб баста буд, нӯҳ-даҳсола, ки шудам, кор бисёр шуд, бузу гӯсфанд, гов, фурсати хондан нест. Баъд мактаби моро муаллим нест гуфта ба қишлоқи дигар кӯчонданд…
– Ҳой рафтем, чӣ бо як ваҷаб кӯдаки кӯча лаққида мешинӣ…
– Ҳозир, як дақиқа, – ҳамсӯҳбати писарак пулро дароз карда сӯи мошин рафт.
– Амак, амак, ин пулатон зиёд!
– Саломат бош! – шунавида тавонист писарак ва дар ҷое, ки навакак мошини сафед меистод, акнун чангу ғубор ҳалқа мезад.
Одамон ҳар хел мешаванд, мегӯяд падараш. Вай моҳе ду бор соатҳои се-чор аз хобаш мехезаду яке аз гӯсфандҳои фарбеҳро сар мезанад, каллаю почаашро ҷудо, буғум-буғум бо корд майда мекунад ва ба хӯрҷин андохта, ҷониби шаҳр, назди кӯҳнаошноҳои шонафурӯшу кордфурӯшаш мебарад. Аз рӯи гуфташ, арзонтар, ки медиҳад, се-чор кас ҷамъ шуда, байни худ гӯсфанди бутунро тақсим мекардаанд… Бегоҳтар, хӯрҷинаш пур, албатта меояд, аммо аз падараш умед нест, аниқ, ки ин дафъа ҳам гуфтаи писаракро иҷро намекунад…
Як жигулии сурх омада истод. Ронанда аз бағочаш обро гирифта ба радиатор рехт.
Писарак тозон пеши онҳо рафт. Ду нафар даруни мошин баҳс доштанд.
– Амак, писта…
– Амак! Амак! Чӣ мегӯӣ? Рав аз назарам, дафъ шав!..
Писарак ҳарфе нагуфта ба ҷои худ баргашт.
Писарак гоҳо ҳайрон мемонду фикр мекард, ки дар ин дунёи кӯчаки роҳи ӯ касе касеро намешиносад, касеро ба касе коре нест, ҳама бегонаанд… Барои он ки худро андармон созад, алафи лух чид ва саросема нашуда кулоҳ бофт, он қадар хушрӯю бобақо набошад ҳам, аз нури сӯзони офтоб сарашро паноҳ медорад…
Автобуси зарди рангпарида канори раҳ қарор гирифт. Мотораш ягон нуқсе дошт магар, ки шофир ба кофтан даромад. Писарак лаҳзае чанд шах шуда биистод. Аз даруни автобус даҳ-бист ҷуфт чашмони ҳамсолонаш ба ӯ менигаристанд.
– Шаддаи писта, пистаи ширин… – писарак забон хоид.
– Касе писта хоҳад, фаромада гиред, – – гуфт яке аз занҳо, ки ду нафар буданд. – Лекин шикамдард шавед, ман ҷавобгар не… Хушбахтона шаддаи бисёр дошт писарак. Ба ҳама расиду боз чор-панҷ шаддаи дигар монд.
– Ба шаҳр мераветон? – бо ҳавас пурсид писарак.
– Ҳа, сайру гашт дорем, сирк тамошо мекунем, боғи ҳайвонотро мебинем, – гуфт духтарак.
– Маймунҳоро ёд кардаанд, – шӯхиомез илова кард бачаи лоғарандоме бо табассум.
– Бегоҳ бармегардед?
– Ҳа, ин қадар одам куҷо хоб меравем..
Писарак дигар гуфтугӯӣ ҳеҷ киро намешунид. Дилаш яке ба ҷӯш омад. Оҳ, чӣ қадар мехост, ҳамроҳи ин духтарчаву писарчаҳо бошад, ба шаҳр равад… вале ба ёдаш омад, ки кулоҳаш аз лух, куртаю шимаш кайҳо боз ношуста ва худаш пойлуч…
Ронанда мотори автобусро се дафъа паи ҳам гиронда мекушт. Оқибат эълон кард, ки ба роҳ мебароянд.
– Муаллима! Илтимос, ман як хоҳиш дорам. Ин ҳама пистаҳо ба шумо, гиред, гиред, бепул, ҳа, бачаҳо, як сангпушт ҳам дорам, – гӯён аз даруни халтааш баровард, – ин тӯҳфа ба шумо… ман ҳозир…
Писарак чолокона ақиби харсанг рафт. Ва лаҳзае пас як қабза гулҳои кӯҳии ҳафтрангро овард, ки бо коғази нам печонида буд.
– Ин ҳам ба шумо муаллима, фақат китоб биёретон, зорӣ мекунам, як китоб…
Дохили автобусро нафасе чанд хомӯшии том фаро гирифт. Дар берун мошинҳои хел ба хел, одамони бегона ин сӯву он сӯ мегузаштанд.
– Чӣ хел китоб? – тааҷҷубомез савол дод муаллима.
– Китоби дарсии ҳарфҳояш калон-калон… рангаву суратдор…
– Кӯшиш мекунем, бояд дар шаҳр бошад, – гуфт муаллимаи дигар…
– Ман мунтазир мешавам. Маро чанд бор одамон фиреб доданд, ҳатто пуламро гирифта рафтанду дигар наистода мегузаштанд.
Ва писарак бо нигоҳи рахшону пурумед аз автобус поин фаромад.