Гуфтугӯ

Ҳикояҳо
Барои Сайфиддин Шералиев

Айни авҷи айёми гулафшон Рассоми пир тани танҳо дар устохонаи худ саргарми кор буд. Рӯ ба рӯяш молберт – сепояи кӯҳнааш, ки ҳамроҳ ҳазорҳо фарсахро паймудаанд, то мавзеи нодиру зеборо ёбанд, хомӯш меистод. Болои мизи рангпарида, ҷевонҳои аз замони даққиюнус боқӣ монда, сари чаҳор девор даҳҳо мусаввараҳои ранга, сиёҳу сафед, хурду калон, комилу нотамом – манзараҳои табиат, этюдҳо, чеҳраҳои занони деҳа, мӯйсафедон, ҳар гуна ашёҳои дигар ба назар мерасиданд. Фарш бенур пур аз чаҳорчӯба, кӯзаҳои гилину мисини чангхӯрда аз он дарак медод, ки як сол ё бештар аз он ин ҷо касе, на зан, на мард ҷорӯб назадааст...

Аслан чашмони соҳиби даргоҳ ва дӯстонаш, ки аксар ҳампешаанд, ба ин бетартибӣ одат кардаву ғашашон намеомад: ин гуна аҳволро як зуҳуроти маъмулӣ мепиндоштанд. Муҳим он аст, ки даҳҳо мусаввараҳои ӯ дар ҳамин фазою муҳит офарида шудаанд, намоишҳоро зеб додаанд ва ҳоло ба кунҷу канори мамлакат ва хориҷаи дуру наздик афтидаанд: коллексионерҳо ё шавқмандони кунҷков чун тӯҳфа бисёр корҳояшро харидаанд… Рассоми пир инак орзуи дерини дилашро ҷомаи амал пӯшонд – вай оқибат портрети худро кашида ба интиҳо овард ва имзо гузошт. Як-ду қадам ақиб рафт, синчакорона ба нуктаҳои гуногуни асар нигарист. Сарашро гоҳ ба сӯи китфи росту гоҳ ҷониби чап хам сохта аз ин ё он кунҷ ба акс чашм медӯхт. «Ожанг ҳам, тавба, ба одам мезебидааст». Фурсати риш тарошидан ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир наменамуд. Ҳоло чӣ? Портрет болои сепоя, табъаш ҳар қадар хоҳад тамошо мекунад, осори чинҳои чун нақшу нигор бонизомро мешуморад. Ҳар яке роҳҳову розҳову пораҳои лахта-лахтаи умраш…

– Ана ҳамин тавр, мӯйсафед! – гуфт Рассоми пир зоҳиран бо гила, дар асл боифтихор сӯи портрет.

Ин лаҳза ғайричашмдошт аз тирезаи табақҳояш боз паррандае бемалолу ҳарос парвозкунон вориди устохона шуд. Як давр гирди шифт тоб хӯрд ва мавзун болои молберт шишт.

– Ай мурғаки нохонда! Ту аз куҷо омадӣ?

– Куҷо! Куҷо! Куҷо!

Тӯтӣ, рассом онро зуд шинохт, нимғурма такрор кард.

– Ту, ҷонвари зебо, ташнаӣ ё гушна?

– На! На! На!

– Аҷаб ҳозирҷавобӣ! – ҳайратзада Рассом болои курсии нарми кӯҳна нишаст.

Тӯтӣ аз ҷой парид ва ба нӯги мехи девор шишт ва қанот афшонд. Сари мех чӯти калону сиёҳи симу чӯбаш бақувват овезон меистод.

– Илтимос, мабодо… олонӣ… – аз ҷой наҷунбида садо баровард соҳиби устохона.

– Нӣ – нӣ – нӣ! – гӯён мурғак чашмони дурахшонашро ба атроф давонд.

– Фаҳмо. Ман ҳамту, ту наранҷ. Ин чӯти падарам. Худованд ба даргоҳаш қабул фармуда бошад. Як умр моро ба ҳисобу китоби кори кишоварзон нон дод. Бароям муқаддас аст. Ягона мероси беҳтарине, ки баҳри худ чун рамзи ёдоварӣ гирифтам, ҳамин аст. Дигар ҳама чизу чораашонро баъд аз даргузашти модар ба хоҳарону додарам тақсим кардам. Онҳо ҳоло ҷавонанд, ман пир. Моли дунё бароям ҳеҷ маънӣ надорад…

Оҳи чуқур кашид.

Сипас бо болғачаи майда як чормағзро шикаст ва бе саросемагӣ бо корди кӯҳнаву кунд мағзи онро реза-реза кард, ба табақчаи рангпаридаву ҷо-ҷо лабаш хира гузошту онро ҷониби тӯтӣ тела дод.

– Гир, бихӯр!

Парранда гӯё мефаҳмида бошад, парида омад, як-ду нӯл зад. Дар ҷояш чанд маротиба ҷаста-ҷаста тоб хӯрд ва болзанон рафта болои нимпайкараи сафед бесар нишаст.

– Заб ҷои поймониатро ёфтӣ! – ғур-ғур ноҳинҷории худро баён кард Рассом. – Худованд шоҳид аст, ман тасодуфан афтондам ва сари зебои он пора-пора шуд. Хостам ба ҳам орам, дидам, ки нашуд, дигар кордор нагаштам.

– Дор, дор, дорр! – талаффуз кард мурғак.

– Киро медорӣ, чиро медорӣ? Соддаӣ-дия. Бадбахт дилрабо буд. Оҳ, чӣ сон дӯсташ медоштам! Саропо баҳор буд, баҳори гулафшон… Ногаҳон раҳгум зад. Ману се фарзандонамонро партофта рафт. Зан беақл барояд, хона он тараф истад, олам месӯзад.

– Ақл, ақл, ақл! – боз садо баланд кард тӯтӣ.

– Ақл медошт, дасти марди дигарро мегирифт?.. Вақте ин нимпайкараро офаридам, ҳанӯз чашму рӯяш нур дошт, модари писарҳои нӯҳу шашсола ва духтарчаи нозанини сесолаам буд. Фирефтаи чӣ шуд, намедонам. Напурсидам. Гоҳ-гоҳ дар шаҳр бинам, саргаштаро аз ҳафтод метр мешиносам, ба тарафи дигари кӯча мегузарам, то чашмам ба чашмаш наафтаду зарурати се бор рӯй шустан пеш наояд. Шукр, гузашт, афтидаю хеста ману бачаҳоям якҷоя камол ёфтем. Чӣ рӯзҳое пушти сар шуданд. Ҳамаашро ба кӣ мегӯӣ? Лекин доғи дилро шуста мешавад? Худат гӯй? Туро ҳам шояд касе ранҷонд ё аз қафас ронд, ки ин ҷо гурехта омадӣ. Кӣ медонад?..

Тӯтӣ болои чаҳорчӯбаи портрети Рассоми пир гаштугузор мекард.

– Рӯй, рӯй, рӯй! – гуфт.

– Рӯй не, саропо ожанг!

– Жанг, жанг, жанг! – такрор намуд тӯтӣ.

Акнун сари мусаввараи дигар шишт. Он «Мусиқии зиндагӣ» ном дошт. Аҷаб ҳоле, се зани ниҳоят ҷисмашон зебо, модарзод бараҳна, яке дар даст дутор, зоҳиран ба ҳам печида, муаллақ ба парвоз омада буданд. Баробари онҳо аспи хатлии бодпое низ, зоҳиран аз ҷисми нозуку луб-лучи бонувон фараҳманд тоб мехӯрд.

– Луч, луч, луч!

– Чашмонат нобиноанд, барои ҳамин ҳарза мегӯӣ.

Дар ғичиррос зада, андак боз шуд. Духтари Рассоми пир сар халонд.

– Дада, салом, овозатонро шунидам. Бо кӣ сӯҳбат доред?

– Ҳамту. Бо худ, азизи нури дидаам, бо худ…

← Бозгашт ба осор