Зоопарк
Ин воқеаи хунину гӯшношунид дар ҳаёти шаҳри калон ногаҳон рух доду ҳамагӣ як шабонарӯз – бисту чаҳор соат ё ҳазору чаҳорсаду чил дақиқа идома ёфт ва на танҳо дар тамоми гӯшаву канори мегаполис, балки ҳазорҳо фарсах дур аз он ғулғула ангехт. Ва аксари сокинон дарк намуданд, ки дунёи муосир басо нозук ва дар як он имконпазир аст ба шикасту рехти фоҷиаангез дучор ояд…
Фазо басо тира, рӯи осмонро саросар абрҳои ғафси сиёҳ пӯшонидаанд.
Ва ногаҳон манзараи аҷибе падид омад.
Аз тарафи ҷанубу ғарби шаҳри калон як анбӯҳи беҳисоби пурвалвалаи зоғон, ки гӯё саф кашидаанд, якмаром парида мегузаштанд. Ҳарчанд оғози фасли дилангези баҳор ҳукмфармоӣ дошт. Ҳазорон ҳазор зоғ суруди ҳавлангез мехонданд. Ҳамзамон садҳо сокинон, гӯё кар ё кӯр бошанд, бепарво саргарми равуои худ буданду лоақал сар ба сӯи само намебардоштанд.
Як нафар ҷавон истисно буд. Бинобар ин мароқ зоҳир карда, ба тамошо пардохт. Ва хеле бо ҳавасу шавқ мушоҳида намуда, пай бурд, ки алайҳи он анбӯҳ – ҳамтоёни худ як зоғ бол мезад, печутоб мехӯрд, байн-байни ҳамҷинсонаш, миёни он амвоҷи пурқудрат ба самти дигар раҳ меҷуст ва ҳайратовар аст, ки ба ҳеҷ яке аз онҳо барнахӯрда, бо душворӣ андак-андак пеш мерафт. Вале ҳамавлодонаш бешумор буданд…
Бечора зоғ! Чӣ зӯри беҳуда мезанӣ? Корат ба мисли нақш дар рӯи об офаридан аст. Осон нест дар муқобили анбӯҳ қомат рост кардан, – аз дил гузаронд одами ҷавон. Ҳамзамон ба ҷуръату устувории он зоғи танҳою якрав аҳсант гуфт.
Мехост анҷоми кору парвози зоғро бубинад. Аммо мавҷи анбӯҳи зоғон ҳеҷ не, ки интиҳо ёбаду он зоғи якраву далеру саркаш ба фазои холӣ бирасад.
Чашмонаш хаста шуданд.
Ҳаволаат ба Худо, эй зоғи танҳо!
Ва ҷавон аз пайи дигар андешаҳои худ афтод…
Ӯ, ки ҳанӯз муҷаррад асту нав баҳори бистуҳафтумини худро аз сар мегузаронд ва зодаву сокини мегаполиси на он қадар калон – шаҳри аҳолиаш андак беш аз панҷмиллионнафара аст, зиёда аз ин ба чанд забон озоду босаводона ҳарф задаву навишта метавонад, борҳо ба соири кишварҳои дунё, ҳатто он сӯи уқёнус сафари хидматӣ анҷом додаст, гоҳ-гоҳ як афсонаи ғалатии дар овони наврасӣ аз бобояш шунидаро канда-канда ба ёд меоварад…
Буд-набуд, дар як замони дур, дар як макони обод подшоҳе мезист. Боре ҳамсараш бемор шуд ва дере нагузашта бо амри қисмат фавтид. Шоҳу писараш танҳо монданд. Солҳо сипарӣ гаштанду Сояи Худо боз хонадор шуд ва ҳамсараш баъди нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соату нӯҳ дақиқа духтарча зоид.
Ба шарофати ҳушёрию мушоҳидакорӣ писари подшоҳ аз асрори хоҳараш огаҳӣ меёбад ва нуҷумшиносони дарбору хирадмандон бо ҳайрату надомат ва тарсу ҳарос сар афшонда гуфтанд:
– Ин тифл ба сарзаминамон бадбахтиҳои зиёд меорад, қадамаш номуборак ва худ бераҳм аст, зеро аз авлоди девони хунхор мебошад…
Модарандар ба ғазаб омада, он бачаро аз дарбор меронад, падар гарчи дилаш месӯхт, аз тарси зани ҷавон барои садди раҳ шудан ҷуръат карда наметавонад. Таи ин давра духтари Сояи Худованд ба воя мерасаду пешгӯии ситорашиносону оқилону ғайбдонҳо собит мешавад. Духтари девавлод дар аввал як-як кулли ҷонварони хонагиро фурӯ мебарад. Сипас падару модар, дигар хешу таборро. Бо мурури қадре фурсат дар он диёри хуррам як мавҷуди зинда намемонад. Писари аз дарбор рондашуда ҳодисаҳои зиёдро аз сар мегузаронад, аз ҷумла дар ҷангал бо ду шербачаи ятим риштаи дӯстӣ мебандад ва оқибат он духтари девнажодро, ки писари подшоҳро ҳам нияти хӯрдан дошт, шерҳои айёме меҳрубонӣ дида хомдаррону пора-пора мекунанд, вале гӯшташро ҳатто бӯй намекашанд…
Шер – шоҳи ҳайвонот ба нақши рӯи санг ҳаккокишуда, ки одами бозувонаш қавӣ лунҷи шерро медарронд, нигоҳ афканду гуфт: – Агар шерҳо қобилияти ҳаккокӣ медоштанд, пас одамро зери панҷаҳои шер медидед…
Яке аз бозёфтҳои камназиру тамошобоби мегаполис, бешубҳа, ҳамин зоопарк буд. Он қариб ки дар марказ, рӯи ҷазираи масоҳати умумиаш беш аз бист гектар мавқеъ гирифта, аз ду тарафаш оби дарё лаппосзанон, вазнин-вазнин нафас кашида, бепарво ҷорӣ мешуд. Зоопаркро аз ду ҷониби соҳил, ки биноҳои бисёрошёна, хиёбонҳои калон, майдонҳои пур аз гулу бутта бунёд ёфтаанд, шаш гузаргоҳи пиёдарав ва ду роҳи мошингард, ки ба воситаи он рӯздармиён тонна-тонна ғизо барои ҳайвонот меоварданд, бо мегаполис мепайваст. Гирдогирди ҷазира панҷарапечи оҳанӣ асту таҳкурсиаш ғафс, баландиаш панҷ-шаш метр, аз ин рӯ ҳангоми обхезӣ беосеб мемонд. Дохили саҳни ҳавлиашро бешаю марғзор зеб мебахшиду болои шохсорон даҳҳо намуд мурғакон аз субҳи козиб то фарорасии говгум мусобиқаоро нағмасароӣ мекарданд. Рӯ-рӯи замини берунии он садҳо хорпушту сангпушт бегоҳиҳо ё субҳгоҳон хазида мегаштанд. Баҳору тобистон ва то саршавии боришоти мавсими тирамоҳ, ҳафтае як маротиба шабҳо, вақте кулли дарҳои зоопарк баҳри тамошогарон баста мешуданд, ҳазорон ҷонвари мухталифи шикамсерро ба бешазор сар медоданд, то худро андаке аз ҳабси қафасҳои бузург озод эҳсос намоянд ва бемалол ҷасту хеш зананд. Бешаро шабона чароғони пурқуввати нурафкан рӯшан нигоҳ медоштанд. Ва аҷаб манзарае фароҳам меомад.
Боре режиссёри шабакаи телевизиони ҷуғрофӣ, ки одами ҳушёру мушоҳидакор будааст, бо ваъдаи наворгирии одии манзараҳои гаштугузори ҳайвоноти зоопарк дар беша ҳуқуқи филмбардориро пайдо намуд. Гурӯҳи ӯ то саҳаргоҳон машғули кор мешуд ё аксаран интизор мемонд. Баъдтар дарёфтанд, ки режиссёри зирак лаҳзаҳои ишқварзии шеру палангу гургу оҳу ва дигар ҷонваронро мунтазир менишастааст. Ӯ аз ин хусус, бо ҳама нозукиҳои маҳрамонааш, филми мустанади илмӣ-оммавии хеле рағбатоварро рӯи кор оварда, ба шарофати бозори реклама ва фурӯши ҳазор-ҳазор диск, ҳарчанд ин гуна таҷовузҳо дар бешаю саҳрои табиӣ ҳам кам нестанд, соҳиби пули зиёд шуд. Хусусан саҳнае, ки шери нар модашери ҷавонро бо панҷаҳои пеши қавияш зери худ кашида, беист то понздаҳ-ҳаждаҳ дақиқа таҷовуз мекард, ғаризаи ҳайвонии дар ниҳодашон пинҳон мондаи зумрае аз одамони сустиродаро аланга мезанонд. Ва одамон рӯшан пай бурданд, ки даруни он бешазори қаламрави зоопарк, вақте дарандаву чарандаву хазандаҳо бӯи озодиро ҳис мекунанд, чӣ эҳсосоти пуршӯру ғалаёне мавҷ мезадааст. Ҳазорон нафар тариқи шабакаҳо талабгори он гаштанд, ки зоопарк шабҳо низ дарҳои худро ба рӯи мардуми хоҳишманд боз намояд. Вале роҳбарияти даргоҳ ин иқдомро ҷоиз надонист…
Он афсонаи бофтаю сохтаи халқӣ, табиист, ки ёддошти куҳан аст, вале алҳол рағбати одами ҷавонро, ки дар манзили панҷҳуҷрагии ошёнаи бистуҳафтум умр ба сар мебарад, боз аз падару модар ҷудо, афсонаи комилан дигари замонавӣ ба худ ҷалб менамуд. Дарвоқеъ, он бағоят тааҷҷуб меангехт. Ба чашму гӯши худ бовар намекард, ки чӣ тавр одамони забону миллаташон ва синну сол, ҷинсашон гуногун, бар замми ин бошандагони кишвар, ҳатто қитъаҳои мухталиф, айни замон тақрибан якранг ба ҳаяҷон меоянду андеша меронанд. Дарку фаҳмиши он чиз ин лаҳза мутлақо имконнопазир метофт, ки чӣ тавр онҳо, бигузор шиноси одами ҷавон бошанд ҳам, дар масофаи ҳазорон ҳазор фарсах дур истода, атрофи як эҳсосоти ношинос, бехабар аз ҳамдигар муттаҳид шуда метавонанд? Шояд амри тасодуф аст? На, кадом як риштаи ноаёне ҳар нафари онҳоро зич ба ҳам пайвастааст. Ба ин ҷои шубҳа нест. Аз дигар тараф, одами ҷавон, ки ҳозир назди тирезаи ошхонааш рост истодааст ва кӯшиши фаҳмидан дорад, таи солҳои пешин дар нуқтаҳои мухталифи сайёра бо онҳо рӯ ба рӯ омадаву ошноӣ пайдо кардааст, аммо онҳо чӣ – онҳо якдигарро намешиносанд-ку?!
Дар экрани компютери шахсиаш аксҳои бисёреро падид овард. Аз пешин дида, ин лаҳза бодиққаттар ба умқи онҳо нигарист. Чашмҳову чашмҳову чашмҳо, нигоҳи оҳуву шутур, гургу паланг, маймуну шер, уқобу лошахӯр, хирсу архар, рӯбаҳу шағол, товусу морҳо… Ба назараш одӣ тофтанд. Аммо замоне, ки моҳе пеш, худ намефаҳмид, бо чӣ хаёле ҳар якеро акс бардошт, зоҳиран бозёфти эҷодӣ ва аҷиб намуд. Бинобар ин, аз рӯи одат ба унвони электронии дӯстонаш фиристод. Қаблан низ чунин иқдом сурат мегирифт: ин ё он ақидаашро марбут ба рӯйдодҳои олам ирсол медошт, то онҳо вокуниш нишон диҳанду мубодилаи афкор ба вуҷуд ояд. Як навъ робитаи иҷтимоӣ.
Вале ин дафъа кор тамоман ранги дигар гирифт: ҳама ёрони дуру наздикаш хоҳиш мекарданд, ки почтаашро кушояду хулосаи онҳоро хонад. Ташвишомез садо медод нидояшон, гӯё бонги хатар заданӣ буданд. Одами ҷавон ботинан гарчи беҳад ба ҳайрат афтод, қадре безобита шуд. Чӣ, нигоҳи кадоме аз ҷонварон онҳоро, ва муҳимаш, аз чӣ боис ҳаяҷон ангехта бошад?..
«Шервон, дӯстам, амиқтар нигар – нигоҳи ҳайвоноти зоопарки шаҳратон ҳа-рос-за-да-анд!!!» – навиштааст ҳамсолаш аз Зеландияи Нав.
«Дурусттар бин, ҷонварони туро касе ё чизе, кадом мавҷудоте ба тарс гирифтааст», – ин нуқтаи назарро ошнояш аз шаҳри Измири Туркия ирсол намудааст.
Шиноси амрикоияш аз Ню-Йорк, ки одами ҷавон он ҷо муддате забони англисиашро такмил додаву дар ошёнаи ҳафтодучаҳоруми Манхеттен зиста буд, боз ҳам аҷибтар иброз доштааст: «Шервон! Аҳамият деҳ, кулли бошандагони зоопарк интизори рӯй додани чӣ ҳодисаи ногувор, шояд даҳшатангезанд! SOS!»
«Онҳоро магар касе ба гирдоби сеҳру ҷоду андохтааст?!» – бо хитоб мепурсид ҳамсабақи хитоияш.
«Ман бори аввал ин гуна чашму нигоҳи ваҳшатзадаро мебинам. Эҳтимол ҳама ҷонварон ба ягон вабо гирифторанд?» – андеша рондааст ҷӯраи немисаш аз Берлин. Шервон беш аз як сол он ҷо донишҷӯи Донишгоҳи менеҷмент ва технологияҳои нав буд.
«Онҳоро касе, ё кадом ҷонзоте аз роҳ заданист! Ҳама ҳайвонҳои ту миёни обу оташ қарор доранд… – навиштааст ошнояш аз Токио. – Мабодо онҳо якбора худкушӣ кунанд!..»
Шервон аввал ин ҳамаро ҳарза пиндошт. Қадре пас фикраш ба ғалаён омада, зери пояш заминро ҳис намекард. Яке аз аксҳоро ҳарчи бодо бод гӯён кушод: чашмони хирс. Шояд ҳамин нигоҳро мардум нигоҳи хунолуд ё хунполо гӯянд? – аз дил гузаронд одами ҷавон. – Чӣ тасодуфе?! Ҳамон хирсе, ки овони бачагӣ ҳамроҳи бобояш аз мурдан ё кушта шудан раҳоӣ бахшида буданд…
Турна, ки навакак аз гулӯи гург устухонпораро бо нӯли дарозаш берун баровард, таҳдиди гурги ҳарисро дида, аз дил гузаронд, ки ҳаргиз минбаъд ба ҷонварони носипос ёрӣ расондан нашояд…
Дар мобайни марғзори кӯчаки пастхамӣ, ки аз пайроҳаи бешазори кӯҳдоман андак болотар мавзеъ гирифтааст, қапқони калон гузоштаву модахирси калони бӯр ба дандони сахти он дармондааст. Хирси ночор, ки дилаш бар асари озодиро гум кардан реш-реш мешуд, ҷонкоҳона нидо мебаровард. Нолааш ба атроф ғулғула меангехт. Як-ду бор тоб хӯрд, занҷири қапқонро кашола кард, вале куҷо, ҳазор зӯр занад ҳам, раҳоӣ ёфта наметавонист. Ду хирсбачаи тамоман хурдсолаш гирдогирд дар давутозу мадору тавони ба модари асирафтодаашон ёрӣ расондан надоштанд.
Як фурсат пас аз куҷое гурӯҳи наврасони даҳ-дувоздаҳсола пайдо шуданд. Аввал аз болои пастхамӣ, ки деворашро борон шуста буд, истода, тамошо карданд. Сонӣ яке гуфт:
– Ҷигару талхадони хирс барои баъзе касалиҳо давои хуб аст!
Дигаре гуфт:
– Равғанашро намегӯӣ? Ба пули нағз фурӯхтан мумкин.
Сеюмӣ ҳайрон-ҳайрон изҳор намуд:
– Хирси зинда, чӣ хел равғану ҷигару талхадонашро мегирем?
– Корд дорем, пӯст меканем…
Лаҳзае хомӯшӣ фаро омад.
– Ман медонам! – фарёд зад бачаи қоматбаланд, ки аз чашмонаш гӯё алов мепарид. – Сангсор мекунем! Хирси побанд илоҷи гурехтан намеёбад. Зада-зада мекушем, баъд пӯст меканем.
Ва худ санги аз мушт калонтарро гирифта, сӯи хирс ҳаво дод. Ибрату ҷуръати ӯ дигар ҳамсолонашро рӯҳбаланд сохт ва қиёмат бархост.
Ҳама пайраваш шуданд. Бар сари модахирс гӯё аз осмон гулӯлаҳо мерехтанд. Баробари ин доду шавқун, нидоҳои «ӯҳ», «қариб расид», «чӣ зарбае!», «нишон гир!» ба ҳам печида, шавқу рағбати тӯдаро ба ҳам меомехту бедор мекард.
Модахирс зери зарбаи ҳар санг оҳ мекашид, лек ҳайҳот, аз як санг раҳоӣ ёбад, ба дигараш бармехӯрд. Торафт хаставу бемадор ин сӯву он сӯ медавид, занҷири дом таранг мешуд, дур рафтан намемонд.
Садҳо санг ба тани серпашмаш расида, поин меғелиданд. Марғзор ба сангзор табдил меёфт. Кадом санги қиррадор пӯсти баданашро рахна зад магар, ки хун шорид.
– Бо санги қиррадор занед!
Тӯдаи бераҳм валвалаомез санги қиррадор меҷуст ва сӯи модахирс тирвор ҳаво медод.
– Сахттар занед, ҳозир аз пой меафтад, нишон гирифтан осон мешавад.
Агар ягон нафари қадре мушоҳидакор он лаҳза ба рӯи он шумбачаҳои безот менигарист, рӯшан медид, ки ҳоло аз чашмонашон алову хун мепарад.
Модахирс оқибат сарозер ғалтид, боз ҳам пой меҷунбонду сар меафшонд. Аз лунҷаш кафки хунолуд ҷӯшида мешорид. Ҷонвар аз ҳол мерафт. Паҳлӯ афтода, дигар маҷоле намеёфт, ки аз зарбаи сангҳо гурезад.
Ин лаҳза набераву бобояш ба майдони фоҷиа расиданд. Модахирс фаххосзанон базӯр-базӯр, вазнин, кӯтоҳ-кӯтоҳ ҳанӯз нафас мегирифт. Онҳо назди ҷасади нимҷони модахирс рост истодаву бобо намедонист чӣ тавр ғазабашро фурӯ барад.
– Афсӯс, дер кардем, – гуфт ӯ ба набера ва ба садҳо сангҳои хурду калон, аксарашон хунолуд, назар афканда, тасаввур намуд, ки чӣ ваҳшоният рух додааст. – Палидони бадзот!
Хирсбачаҳо мингосзанон аз модахирс дур рафтанӣ набуданд. Гӯё фаҳмиданд, ки бобову набера – пуштибону ҳимоятгарони онҳо ҳозир шуданд. Зоҳиран тарсу ҳарос аз чашмонашон гум шудаву худро аз рӯи ғариза ба шикаму тахтапушти модар мемолиданд. Набера пай бурд, ки модахирс аз бобояш чашм намеканад. Ва он ҷонвари Худо, аз афташ, хотираш ҷамъ, ки фарзандонаш минбаъд сарсону саргардон намемонанд, ором, бе овоз ҷон ба Ҷаббор супорид.
Аз боло, рӯ-рӯи пайраҳаи танг он махлуқони дупои одамсурат як-як ба зер фуромаданд. Бобову набера ба онҳо аҳамият надоданд.
– Хирсбачаҳоро ба шаҳр мебарем, он ҷо зоопарки калон ҳаст, мефурӯшем, пули хуб медиҳанд, – гуфт ҳамон навраси қоматбаланд.
– Ба ман намефурӯшед? – пурсид бобо, ба хирсбачаҳо назар дӯхта.
Вай андак аз шаст боло, мӯйҳои сараш зичу мошубиринҷ, китфонаш васеъ, муштҳояш қавӣ ва нигоҳаш тез буд.
– Чанд пул медиҳед? – пурсид наврас, каме ба ҳаяҷон афтода.
– Чизе, ки дар кисаам бошад, қадре барои таксӣ монад, кифоя.
Пулҳои ҷайбашро берун кашида, ба рӯи сангҳои хунолуди марғзор монд.
– Арғамчин надоред-ку?
– Барои чӣ лозим? – суол дод бобо.
– Хирсбачаҳоро чӣ хел мебаред? Ҳай карда ё кашо-лакунон? – боз кунҷковӣ кард он бачаи ҳарис.
– Ман онҳоро ҷоду мекунам, худатон мебинед, – гуфт бобо.
– Чӣ хел?
– Одӣ. Ба гӯшашон дуо мехонам.
– Баъд чӣ? Онҳо шуморо мефаҳманд?
– Албатта! – паст наомад бобо.
– Аҷоиб…
Бобо назди хирсбачаҳо ба зону шишт. Пушти якеро бо кафаш навозиш кард. Сонӣ оҳиста даҳон ба гӯшаш расонд ва пичирросзанон як-ду дақиқа чизе гуфт, ки худаш медонисту Худо ва он хирсбачаи ятим. Сипас хирсбачаи дуюмро низ бе саросемагӣ ҷоду кард.
– Хайр, мо меравем, – гуфт бобо. Ва пеш-пеш қадам зад. Наберааш аз ақиб…
Чӣ муъҷизае! Хирсбачаҳо модахирси мурдаро аз ёд бароварда, баногоҳ аз пушти бобову набера раҳ пеш гирифтанд.
Қотилон моту ҳайрон монда, мадори даҳон кушодан намеёфтанд.
Бобову набера ва хирсбачаҳо хеле дур шуданд. Он ҷавони қоматбаланд ба худ омаду оҳиста хам шуда, аз рӯи санг пулҳои ҷо-ҷо хунолудро бардошт…
Бобову набера дар тарабхонаи фазояш кушоди боми ошёнаи дувоздаҳуми бинои чилудуқабата ғизои нисфирӯзӣ мехӯрданд. Кайҳо боз ин одат, ки ҳар ҳафта рӯзи муайян сурат мегирад, дар муносибати онҳо ҷорӣ аст.
– Телефони мобилӣ, ки тариқи он акси ҳамдигарро мебинему кадом лаҳзае, ки диламон кашад, суҳбат меороем, чизи хуб аст. Вале дидор, рӯ ба рӯ нишаста, ба чашми ҳамдигар нигариста, гуфтугӯ кардан гапи дигар, – гуфт бобо. – Ва ташаккур, ки барои ман фурсат меёбӣ.
– Ман ҳам шуморо ёд мекунам, гоҳе дилам гум мезанад, – ба тасдиқи сухани бобо афзуд набера.
– Ана ин дарёро бин, бо виқору таҳаммул, ҷазираро ба оғӯш гирифта, беист обаш равон аст. Ба сони зиндагӣ, умри одамизод зудгузар…
– Падару модарам занг зада буданд. Ба бобоят салом расон гуфтанд.
– Саломат бошанд. Аҳволашон чӣ тавр? Ба тарафҳои мо омаданианд ё не?
– Корҳояшон хуб. Муҳлати рухсатиашон фаро расидааст. Фурсату имкон даст додаанд, ҳамроҳи хоҳаракам баҳри тамошо ба сафари шаҳрҳои Прагаву Париж, Риму Вена баромадаанд.
– Ҷаҳон гаштан аҷаб кори дилхоҳ аст. Хоҳаракат чӣ хел? Кайҳо боз овозашро нашунидаам.
– Аз худатон гап намемонад. Дар донишгоҳи европоӣ хондан кори осон нест. Ҳар соати зиндагиаш баҳисоб. Ба ҳар ҳол, ман хоҳиш мекунам, ки гоҳ-гоҳ ба шумо, вақт ёфта, занг занад.
– Барака ёб, ҷони бобо! Ташвиш накаш, фақат бигӯ, ки мабодо забони модариашро фаромӯш кунад…
– Не, фаромӯш намекунад.
– Боварат комил аст?
– Ҳа. Ман ба хоҳаракам ҳамон воқеаи таърихиро қисса кардаам.
– Кадом воқеи таърихиро? – пурсид бобо, ба шавқ омада.
– Ёд доред, шумо ҳар сари вақт таъкид менамудед, ки дар радифи донистани забонҳои англисиву русиву немисӣ ё франсузӣ забони модариамро аз мадди назар дур напартоям…
– Ҳа, ту якравӣ зоҳир мекардӣ. «Вақте забонҳои ҷаҳониро хуб медонаму озод ҳарф мезанам, чӣ зарурати забони модарӣ» мегуфтӣ.
– Рост. Баъд, тахминан даҳ сол пеш, ки ман донишҷӯи курси дувум будам, хориҷиҳо омаданду тарҷумон кофта, озмун гузаронданд. Ба ҳар соати роҳбаладиву тарҷумонӣ маблағи нағз ваъда доданд. Ман худро номнавис кардам.
– Бале, ба хотирам расид. Шубҳа доштӣ, ки сатҳи забони англисии дигар ҳамсолонат баланд асту ғолиб омаданат ба гумон…
– Сипас маълум шуд, ки он ҷавонон умуман забони модариамонро намедонанд, аз ин рӯ маро, ки андак беҳтар ба забони модарӣ гап мезадам, интихоб намуданд.
– Баъд қоил шудӣ, ки зиндагӣ худ устоду мактаби бузург аст ва ба андешаву эътимоди инсон тағйирот ворид карда метавонад. Ва ҳамон озмун бароят дарси хуб буд.
– Хуллас, дилатон пур бошад, хоҳаракам забони бобову бибӣ ва авлодонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
– Бошад, ман ҳам умедворам…
– Бибиҷонам, Худованд ба даргоҳаш қабул фармудаву ҷояшон ҷаннат бод, ҳар гаҳ дуо медоданд, ки «фарзандонам, ҳар куҷо бошед, аз тақдиратон, фақат сиҳат-саломат бошеду парвардигор дар паноҳаш нигаҳ дорад». Шояд хости Худост, ки мо ҳама барои аз якдигар дур-дур зистан одат кардаем. Гарчанде скайп зинда бод!
– Бибиҷонам!.. Чӣ хуш садо медиҳад аз забонат. Ҳамон субҳе, ки ту ба дунё омадӣ, тамоми шаб дуову орзуи сиҳат-саломат равшан шудани чашми модарат вирди забонаш буд. Аз шодӣ «меҳмони нав, умраш дароз шавад»-гӯён ба худ ҷойи шишт намеёфт. Саҳари барвақт мурғшӯрбо пухта, баҳри аёдати модарат рафта буд…
– Ҳа, модарам, баъзан қисса мекарданд.
– Афсӯс, бибиҷонат барвақт аз дунё рафт. Зани биҳиштӣ буд…
– Ёд мекунед, бобо?
– Бибиҷонатро?
– Ҳа.
– Не.
– Чаро?
– Чунки бибиҷонат, чеҳраи тоза, табассуми малеҳ, сухан-ҳои дилкашаш ҳамеша ҳамнафаси мананд. Ҳоҷат ба ёд кардан нест…
– Аҷоиб…
– Дарвоқеъ, тариқи телефон ишора кардӣ, ки кадом мас-лиҳат дорӣ?..
Шервон побанди хаёле ноутбукашро бароварда, фаъол кард, аксҳои чашмони шеру палангу хирс, маймуну гургу рӯбаҳ ва амсоли ин ҷонваронро кушода, ба бобояш ишора намуд:
– Канӣ, бодиққат ин нигоҳҳои ҳайвонотро аз назар гузаронед. Шояд ба сари шумо ҳам, бобо, ягон фикру гумон ояд.
Бобо синчакорона бонавбат ҳар як аксро дид. Зоҳиран ба ҳеҷ як хулоса омада натавонист.
– Бадоҳатан гуфтан душвор аст, ки ин нигоҳҳо чиро ифода менамоянд. Чӣ туро ба ҳайрат овардааст? – ноилоҷ пурсид аз Шервон.
– Маро не! – посух дод набера. – Ман муддате пештар аз рӯи шавқ ин аксҳоро бардошта, дар блоги худ ҷой додам. Як зумра рафиқонам, ки дар кишварҳои гуногуни дунё умр ба сар мебаранд, бехабар аз ҳамдигар даъво доранд, ки чашмони кулли ҷонварон ҳаросзадаанд. Касе ё чизе, инсе ё ҷинсе онҳоро ба таҳлука андохтааст. Ва аксар ҳушдор доданианд, ки мабодо ягон балое хезонанд… Бинобар ин ман ҳам, рости гап, ба тааҷҷуб афтодам, ки ин ҷо чӣ сирру муаммое нуҳуфта бошад.
– Намедонам, чӣ гӯям. Ҳайвонҳо, ки дар қафасҳои маҳками зоопарк зиндагӣ мекунанд, худ ба худ магар ягон офат ангехта метавонанд? Шӯхӣ аз ҷониби дӯстони хориҷиат истисно нест?
– Не, якбора ҳама, айни замон ба як маъно ҳазл намекунанд-ку!
Мӯйсафед дафъаи дигар ба чашмони ҷонварон нигарист. Вале ҳеҷ сарриштаи ин гиреҳро дарёб накард.
– Хайр, ман бо худи ҳайвонот рӯ ба рӯ мешавам. Эҳтимол аз рафторашон ягон иттилое пайдо намоям…
Ҳамин тариқ бобову набера, якдигарро ба оғӯш кашида, хайрухуш намуданд.
Пеш аз поин шудан мӯйсафед бори дигар ба сӯи ҷазира, он ҷое, ки зоопарк мавқеъ дорад, нигоҳ афканд. Аз дур чиро ҳам наззора кардан мумкин? Зоҳиран ҳама орому осуда тофт…
Бар асари ҷодугарии инсон, ки зарараш ба гӯсфанд расидаву онро гургҳои ҳарис хомдаррон карда хӯрдаанд, гургҳо то ҳанӯз ҳафтовоза уллос мекашанд.
Будаст-набудаст дар як замон, гузаштаи дури номаълум, балки айёми мо, дар як кишвари қитъаи Африка қабилае умр ба сар мебурдааст. Муҳити зисташон одиву сода, чун даруни кулбаҳои гилин, бомашон хаспӯш зиндагӣ мекунанд. Яъне аз давраи ибтидоӣ кам фарқ дошт он ҷомеа, зеро шуғли асосиашон чорводорӣ буд. Писарбачаҳо ҳамин ки ҳафтсола шуданд, бар дӯшашон вазифаи говпоӣ бор мешавад. Аз мавҷудияти барқ, китоб, мактаб, нақлиёт, телевизор ё компютеру интернет касе аз аҳли он қабила тасаввурот надорад.
Дар он ҷо як анъанаи устувор ҳаст: ҳар ҷавон, ки ба синни балоғат расид, бояд камолоти мардии худро собит намояд. Касе асрҳо боз тавони инкори онро надорад. Ва аз ин рӯ ҳар бача аз овони наврасӣ баҳри адои тақозои анъанаи авлодон омодагӣ мебинад. Ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман. Аниқтараш, қабл аз он ки иҷозату ҳидояти хонадоршавиро диҳанд, ҳар ҷавон бояд бо шер, бале, бале, бо шер – шоҳи ҷангал сар ба сар шавад, аз болои ҷонвар ғолиб ояд, яъне ба ҳар васила шерро кушад.
Ин кор рамзи ҷасорату тавоноӣ ва шарафмандии ҳар ҷавони қабила маҳсуб меёбад. Ҳангоме шери куштаашро пуштора ё ба гарданаш бор карда меояд, хурду калони қабила нидои хушнудиву ифтихор мебароранд. Чунки шарти асосии оиладоршавӣ ба субут мерасад.
Рафта-рафта зоти шер дар он қаламрав коҳиш меёбад. Давлатдорон алорағми хости қабила шерро ба китоби сурх ворид менамоянд ва куштани онро манъ эълон мекунанд.
Вале куҷо! Анъана, ба қатл расондани шер пайваста идома меёбад. Ҷавонони қабила баъди куштани ҷонвар иддао пеш меоранд, ки «ман айб надорам, вақте машғули сайругашт ё мевачинӣ будам, шер худаш ба ман дарафтод. Ва ман маҷбуран баҳри ҳимояи ҷони худ бархостам…»
Шери мурда забон надорад, ки рост ё дурӯғ будани даъворо тасдиқ намояд.
Бечора шерҳо! Киҳо арӯсро ба оғӯш гирифта, кайфу сафо меронанду киҳо ҷони худро қурбон мекунанд…
Бегоҳӣ, ҳанӯз офтоб ба ғуруб нарафта, ба мӯйсафед (ӯро роҳбарияту кормандони зоопарк шартан чунин ном мебурданд, зеро ба шарофати хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, баъдан дар ҳайати бригадаи зудамал, ҳатто дар хориҷ аз кишвар ҳарбу зарб кардааст, баданаш якумрӣ обутоб ёфтааст, ҳар рӯз аз рӯи одат даҳ километр масофаро пиёда тай намояд ҳам, хастагияш эҳсос намешуд, боз кам мехӯрду кам ҳарф мезаду кам хоб мерафт), ҳанӯз ба ҳуҷраи кориаш ворид нагардида, директори генералӣ занг зад:
– Мӯйсафед, салом! Шумо дар куҷо?
– Дар остонаи кабинетам…
– Хоҳиш мекунам, ёрӣ расонед, – овози сардор ташвишангез тофт.
– Чӣ гап, дунё тинҷӣ аст?
– Тинҷиву амонӣ. Фақат шерҳо беист наъра мекашанду палангҳо ғуррос… Хирсҳо печу тоб мехӯранд, маймунҳо, гӯё бо ҳам маслиҳат ороста бошанд, ғирев бардоштанд. Дигар ҷонварон ҳам безобитанамо…
– Дирӯз бегоҳӣ ҳамаашон орому осуда буданд-ку!
– Имрӯз сахт бесаранҷом, барои ҳамин таъҷилан дигар корҳоро як сӯ монда, аз ҳоли ҳайвонот хабар гиред. Мабодо ягон бало хезонанд. Илтимос…
– Ман ҳозир… – ва авзояш парешон ҷониби қатори бешумори қафасҳои калону оҳанин – истиқоматгоҳи ҷонварон қадам зад.
Вақте дар ҷояш аҳволу рафтори ҳайвоноти дарандаро ба чашми худ дид, ҳангаш канд: онҳо дар ҳақиқат ба талвоса афтодаанд. Акнун дарёфт, ки касе ё чизе онҳоро ба ҳарос овардааст. Инро зуд пай бурд. Чунки феълу хӯи ҳайвонотро дар даврони шикорчигиаш, ки баъди дар яке аз амалиёти ҳарбӣ ҷароҳати сахт бардоштаву ба истеъфо баромадан, дар кӯҳу ҷангал ба ин шуғл саргардонӣ дошт, хуб омӯхта буд. Ҳолдонҳову мушоҳидакорон побанди ақидае мегаштанд, ки мӯйсафед нозукиҳои забони ҳар ҷонварро азхуд намудаву тарзи «гуфтугӯ» оростан ва бо ҳайвоноти безабон «забон» ёфтанро медонад.
Дар ҳақиқат ин гумону ақидаашон, ҳарчанд бовари кас намеояд, бепоя набуд. Ин дафъа низ мӯйсафед тарсу ҳаяҷонро аз дилаш дур андохта, вориди қафасҳо шуда, як-як бо шеру палангу маймунҳову гургону хирсҳо, рост ба чашмонашон нигоҳ дӯхта, «гапзанон» кард. Тамошобинони тасодуфӣ ба тааҷҷуб омаданд, ки чӣ сон ин мард ҷуръат ёфта, назди он дарандаҳои башӯромада медарояд, чӣ мегӯяду чӣ мемонад. Ба назарашон ниҳоят аҷоибу ғароиб тофт ва ангушти ҳайрат газиданд, ки бар асари кадом ҳарфу ишораи мӯйсафед он ҳайвонот пайиҳам аз доду фиғон бозмонданд…
Айни замон онҳо ором шуданду кадом хаёли ғашолуд ба майнаи мӯйсафед рахна зад, ба қавле, гургон дилашро тала карда, фикрашро парешон намуданд. Баногоҳ чизеро ба ёд овард…
– Не, – гуфт аждаҳор – даранда ҳар рӯз ба пирамард бар ивази шири говаш ду табақча тилло медод, – чун ту ҳар дафъа маро дида, ёди писарат мекунӣ, ки ман ӯро даронда фурӯ бурдам, айни замон ман думамро пеши назар меорам, ки писарат қасди куштани ман карда, онро бо шамшер бурид, бинобар ин дӯстии мо барҳам хӯрд, – ва ғайб зад.
Сарвазир солҳои пеш, замоне ки вазири иқтисоду молия буд, дӯсте дошт шикорчии ашаддӣ. Онҳо аз рӯи ҳамин шуғл ба ҳам унс гирифта, ҳар сари вақт ду рӯз, баъзан се рӯз аз пайи сайд мегаштанд.
Боре ба лонаи гург рӯ ба рӯ омаданд. Чанд қадам дуртар аз он гургони модинаю нарина ва ду гургбача дар марғзор бепарво ҷастухез доштанд.
Гурги наринаи корозмудаю борондида, шикорчиён ҳанӯз наздик нарафта, бӯи аспу одаму бӯи силоҳу тирро пай бурд.
– Бин, – гуфт вазири иқтисоду молия, сӯи гургҳо ишора карда, – ҷонвари даранда ҳам бошанд, чӣ сон озоду шоду хушҳол ва хушбахт метобанд.
– Гург гург аст! – хандид дӯсташ ва илова намуд. – Гургзода оқибат гург шавад…
Ва сӯи гурги модина нишон гирифта, тир кушод. Ҳангоме гург лаҳзае тоб хӯрду аз пой афтод, нидо баровард:
– Пешониаш сӯрох шуд!
Гурги нарина ба ҳимоя бархост. Пеш давида, чашмонаш нафратолуд ғуррид. Шикорчии ашаддӣ ба шавқ омада, ҷониби ҳайвон тири навбатиро кушод. Ин дафъа тираш хато хӯрд. Гург худро ақиб андохт.
– Аз ин гурги ба ғазаб омада акнун халосӣ намеёбем, – бо оҳанги раҳмолуд гуфт вазири иқтисод ва молия.
– Сарашу равғанаш! Вақти мурданаш фаро расида бошад, магар гуноҳи ман аст?!
Ва ба нишонгирӣ пардохт.
Гургбачаҳои аз офати зиндагӣ ноогоҳ имкони даруни лонаашон панаҳ бурдан наёфта, ҷасади модагурги беҷонро бедор карданӣ шуда, ба баданаш пой расонда, ғурунгос мезаданд. Вале ҳайҳот!..
– Биё, ба уболашон намонем!
Аммо огоҳии вазири иқтисоду молия дар ҳаво муаллақ монду тирҳо пайиҳам ду гургбачаи маъсумро оғуштаи хун рӯи хок хобонданд.
Гурги нарина ин ҳолро дида, сахттар ғуррид, боз ҳам канортар рафта, уллоси ҷонкоҳ баровард.
– Аҷоиб, – ба худ омада, гуфт шикорчии ашаддӣ. – То ин дам ин тарзи уллоскаширо нашунида будам. Шояд ягон ҷонвар мисли гург ба ин ҳад амиқу сӯзнок эҳсоси алам накунад…
– Ман таҷрибаи зиёд надорам, лекин ба назарам чунин метобад, ки сӯи осмон нидо баровард, ҳамзамон уллосаш як навъ таҳдид ба мо буд. Биё, барвақттар аз ин ҷо дур равем.
Шикорчии ашаддӣ ба ин гап аҳамият надода, ҷасади модагург ва гургбачаҳоро ба ду халта андохту сари зини аспаш партофт.
Онҳо ба сӯи деҳа раҳ гирифтанд. Аспҳояшон сархам қадам мемонданд.
– Ҳамин гургҳо, – худро тасаллӣ доданӣ шуда, ба забон овард шикорчии ашаддӣ, – агар дар дашту кӯҳдоман одамро танҳо ёбанд, бо тамоми галаашон дармеафтанд, пайт поида, шабонгаҳ шиками гӯсфандони рамаро медаронанд…
Вазири иқтисоду молия баногоҳ дид, ки гурги нарина тоб хӯрда-тоб хӯрда аз қафояшон меояд. Дилаш таҳ хӯрд.
«Худо оқибаташро бахайр гардонад, – аз хаёл гузаронд ӯ. – Аслан чаро ҳамроҳи ин одам имрӯз ба шикор баромадам? Аз саҳар ин ҷониб чашми чапам мепарид».
Ду соат пас ба соҳили дарёча расиданд. Ба ақиб нигарист. Гурги нарина зоҳиран наметофт.
– Ана, ба деҳа расидем. Ҳозир дасту рӯ мешӯему ғизо мехӯрем, – таи ин муддати бозгашт бори нахуст даҳон кушод шикорчии ашаддӣ.
– Ташаккур, албатта. Вале ман бояд равам.
Дарёчаи обаш мусаффову шӯх аз санг ба санг бархӯрда, мавҷзанону шитобон тарафи водӣ медавид. Сурудаш ба атроф танин меангехт.
– Ман, ба хона ки расидам, шуморо гусел карда, кордро қайроқ мезанаму ин гургҳоро пӯст меканам. Гӯшташонро ба сагҳоям медиҳам. Пӯсташонро намак зада, дар соя меовезам. Пашмашон қимат…
Ба хаёли ҳамроҳаш расид, ки гург қариб асту уллос мекашад. Бодиққат ба ақиб чашм дӯхт. Гурги бечора, ки дар як он танҳо монда буд, ба назараш натофт…
Тахминан даҳ рӯз пас рӯзномаҳо дар бораи ҳодисаи гӯшношунид мавод ба чоп расонданд. Вазири иқтисод ва молия онро хонду бовар накард. Азбаски солҳо шиносу ҳамнону намак буданд, дастовезе гирифту баҳри аёдати шикорчии ашаддӣ рафт. Лаҳзае ки якҷоя бо ронанда вориди ҳавлии он дӯсти якраваш шуд, чун одат садои аккоси ду саги бадҳайбати чӯпонии занҷирбандро нашунид. Фурсати ба ҳайрат омадан наёфта, чашмаш ба дӯсти шикорчиаш афтод. Ӯ болои кат якпаҳлӯ зада, ғанаб мерафт.
– Салом-алейкум! – ба ҳолпурсӣ даромад вазир.
Шикорчӣ аз ҷой наҷунбид, Овоз ҳам набаровард. Фақат бо чашмони калон-калони карахташ, гӯё нобино аст, мижа назада, ҷониби меҳмон менигарист. Ба ҷои посухи салом хандид.
Ин маврид ҳамсараш аз дохили манзил берун омад. Гӯё мотамзада метофт. Баъди саломуалейки андак сард курсӣ овард ва дӯсти шавҳарашро ба шиштан даъват кард.
– Аҳволаш фақат хандидан ё сукут варзидан. Намедонам, ки кай ба худ меояд.
– Чӣ воқеа рух дод? – пурсид вазир.
Зан як сӯи шавҳараш назар давонду андак ба хаёл рафт.
– Ҳамон шаб шамоли ниҳоят сахт мевазид. Танаи дарахтон хаму рост шуда, шақаррос мезад. Бачаҳо дар хонаи худ, ману шавҳарам дар хонаи худ мехуфтем ва духтарчаам дар гаҳвора бо мо буд. Субҳгоҳ бедор шудам. Палмосидам, ҳангам канд: гаҳвора холӣ, чароғро гиронда, ҷогаҳро кофтам, кӯдакро наёфтам. Доду фиғон бардошта, шавҳарамро аз хоб хезондам.
Ин ҳангом уллоси гург ба гӯшамон расид. Мо ҳарду карахт мондем. Аз тиреза ба берун нигаристем. Гург мобайни ҳавлӣ меистод. Зоҳиран интизори берун баромадани мо буд. Шавҳарам милтиқи шикориро ба даст гирифта, берун тохт. Ман аз пасаш… Худоё! Чӣ манзараи даҳшатангез пеши рӯямон ҳувайдо буд: гург пои чапашро болои шиками тифли парпеч гузоштаву дандонҳояшро намоиш дода, ғуррос мезад. Дар аввал мо ҳарду карахт мондем. Сонӣ шавҳарам бо умеди тарсонидани гург ба ҳаво як тир кушод. Гург ба ҳарос ҳам наафтод, ҳатто аз ҷояш наҷунбид. Духтарчаамон гиря намекард, лоақал овоз намебаровард, то фаҳмем, ки мурда аст ё зинда. Баъд гург баногоҳ пой аз ҷисми кӯдак бардошт, ба ду пои ақиб нишасту дурудароз уллос кашид, ниҳоят як дафъаи дигар ғуррид ва ғайриинтизор бадар рафт. Оҳиста-оҳиста, гӯё бофахр, намоишкорона… Ман зуд ба сари духтарчаам расидаму ӯро аз замин бардоштам, пай бурдам, ки хоб аст, нафас мегирад, зуд ба рӯяш об пошидам, мабодо тарсида бошад…
Шавҳарам милтиқро бо тамоми қувваташ ба киштзор ҳаво доду нидо баровард:
– Ман ваҳшӣ! Гург одамтар…
Ва ба рӯи замин нишаста хандид.
Аз ҳамон лаҳза иборатан ҳарфе ба забон наовардааст. Гӯё аз дарси гург дода лолу гунг монда бошад…
Вазир аз ҷой бархост.
– Магар сагҳои чӯпонӣ ба гург ҳуҷум накарданд? – пурсид ӯ.
– Мо баъди ба худ омадану наҷоти тифл пайхас кардем, ки гург гулӯи ҳарду сагро хойидааст…
Зан комилан навмедона ҷониби шавҳараш назар афканд.
– Худо хоҳад, шифо меёбад, – гуфт ӯ.
Ва берун баромад. Сараш хам.
Вазир худро яке аз гунаҳкорони ин фоҷиа – фоҷиаи гург ва шикорчии ашаддӣ пиндошт…
Он гаҳ худи мӯйсафед ба гирдоби сахти воҳима афтод. Миёни обу оташ монда, намедонист чӣ чора ҷӯяд, киро ба ёрӣ ҷеғ занад ё аз кӣ маслиҳат пурсад. Дохили ҳуҷраи кориаш беист ин сӯву он сӯ қадам зада, фикр меронд. Ҳеҷ намефаҳмид, ки чӣ ҳодисаи гӯшношунид рух доданаш имконпазир аст. Ва оқибати кор то ба куҷо мебарад. Мисли мори байни алангаи сӯзон ғалтида дарун-дарун печутоб мехӯрд. Ҳис мекард, ки кадом офате ё фоҷиае наздик меояду илоҷе намеёбад, ки сари роҳи онро гирад. Сарфаҳм намерафт, ки чӣ боис шуда метавонад. Ё кӣ?..
Ин лаҳза телефонаш садо баровард.
Рақамҳоро шинохт – наберааш занг мезад. «Хайрият!» – аз дил гузаронд мӯйсафед.
– Алло! Бобо, салом! – овози Шервон ба назараш ташвишангез тофт.
– Лаббай, ҷони бобо! – посух гуфт, худро ба даст гирифта, зеро кадом умеди наҷот аз ин вазъияти сарбаста ба хаёлаш раҳ ёфт.
– Саломативу корҳоятон хуб аст?
– Ташаккур! Ту ҳоло дар куҷоӣ?
– Ман? Дар хона, истироҳат дорам.
– Рӯзи корӣ асту…
– Созмонҳои хориҷӣ мутобиқ ба тақвими мамлакати худ фаъолият менамоянд.
– Ин тавр бошад, ба наздам омада метавонӣ?
– Зарур бошад, чаро не. Тахминан чил дақиқа пас ҳозир мешавам.
– Хеле хуб. Ташаккур, ҷони бобо!
– Намеарзад. Магар ягон воқеа рух дод?
– Не, алҳол не… Боқӣ рӯ ба рӯ гап мезанем…
– Хайр, то дидан! – робита қатъ шуд.
Акнун мӯйсафед ботинан хун хӯрда, худро мазаммат мекард. Ба он сабаби одие, ки чаро кӯтоҳандешӣ зоҳир намуда, наберааш Шервонро ба ин маҷрои номаълуми бесару нӯг мекашад. Мабодо, ки ба сараш ягон бало резад. Худованд иноятпеша аст, илоҳо, дар паноҳаш беосеб нигаҳ дорад!..
Берун баромад. Дид, ки аз шаш роҳрави ду соҳил, ки ҷазираро бо мегаполис мепайвандад, равуои садҳо одам, хусусан наврасону ҷавонон канда намешавад. Албатта, бо он анбӯҳи мардуме, ки рӯзҳои шанбею якшанбе ба сари зоопарк фурӯ мерезад, қиёс кардан нашояд. Чанд лаҳза ба тарафи қафасҳо гӯш андохт. Не, садои ҳеҷ як ҳайвонро нашунид.
Қарор дод, ки берун аз ҷазира, сари раҳ набераашро мунтазир меистаду баъд ба лаби соҳил, ки он ҷо қаҳвахона воқест, рафта мешинанд.
– Ба ҳар ҳол, аз бало дуртар, – пичиррос зад мӯйсафед.
Ва ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки «бало» гуфта, чиро дар назар дорад, агар гувоҳии дилаш рост ояд, он бало аз куҷо, аз қаъри замин мехезад ё аз осмон поин мефарояд…
– Ту нахостӣ, ки ба малика хонадор шавӣ ва подшоҳ бошӣ, аз домодии боғбон, ки ба шарофати ту сарватманд шуд, даст кашидӣ, ақлат нарасид, ки аз гулӯи моҳӣ алмоси гаронбаҳоро берун орӣ, пас аз ту дида, дар ҷаҳон одами аблаҳро намеёбам! – ва шере, ки давои дарди сараш хӯрдани мағзи сари ҳафтафаҳм буд, деҳқонро хомдаррон кард ва шифо ёфт…
Буд-набуд дар як мавзеи ин кишвар, андак дуртар аз мегаполис марди хирсбози хушрӯзгор ва заҳматпеша умр ба сар мебурд. Он одам ин ҷонвари безабонро, чун аз падари худораҳматиаш солҳои пеш ба мерос монда буд, ниҳоят дӯст медошт.
Хирс низ таи он айём ба он мард унс гирифта, аз раҷҷаи кашидааш пой берун намениҳод. Бишин гӯяд, мешишт, хез гӯён бо нармӣ амр диҳад, аз ҷой бармехест, фармояд, ки рост исто, бо ду по рост мешуд, давр бизан гӯяд, бо шавқу рағбат тоб мехӯрд, калимаи қарсакро ба забон орад, каф мекӯфт, рақс ҳам мекард, хуллас ҳамдигарро аз рӯи ишора ё ҳарфҳои мушаххас мефаҳмиданд.
Гоҳе ба маҳалла, майдону хиёбонҳо рафта, назди тамошобинони синну солашон гуногун барнома ороста, ҳунари хешро намоиш медоданд. Дар интиҳо мардум ба зеҳни хирс қоил мешуданд ва аз рӯи лутфу назокат ва қадрдонӣ тангаву пулҳои коғазин инъом менамуданд. Мард ҳам хушнуд мемонду хирс ҳам қаноатманд.
Ҳарду ба ҳадде машҳур буданд, ки ҳатто аксҳояшон борҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо интишор ёфта, баъзеҳо ба тӯйи арӯсӣ ё хатнасури писарчаҳояшон металабиданд, ки маҳорати худро манзури меҳмонон созанд. Бад-ин васила он мард рӯзгори худро таъмин мекард ва хирсро узви комилҳуқуқи оила медонист.
Боре он марду хирси баистеъдод ва ба табиати тамошогарии инсонҳо хӯгирифта дар тӯйи фарзанди ҳафтсолаи одами камбағал ҳунарнамоӣ мекарданд. Чашмони хурду калон, аз ҳафт то ҳафтодсола маҳорати хирсро дида, барқ мезаданд, ба шавқу шӯр меомаданд. Хурсандии соҳиби маърака, аз он ки аҳли маҳаллаашро гирд оварда тавонистааст, ҳадду канор надошт ва аз ин ҳол меболид.
Ин лаҳза марди дигаре омад, андак ширакайф буд. Ӯ ҳанӯз даҳон накушода, соҳиби тӯй хӯҷаини хирсро ба каноре кашид ва огаҳ намуд:
– Эҳтиёт бишав, он одам бадмасту палид, қиморбози гузаро ва кибру манманиаш зиёд аст.
Марди хирсбоз сир бой надод, бо ишораи сар «хуб шудааст» гуфт ва табассум намуд. Вақте баргашта омад, он мард ба асари он ки гуфтугӯи оғознаёфтаашро шикастанд, қадре аламолуд пешниҳод намуд:
– Фалон рӯз ман ҳам маърака меороям. Мехоҳам, ки ҳунари худро нишон диҳӣ.
– Фалон рӯз наметавонам, зеро дар дигар тӯй банд мешавам, барвақт ваъда додаам.
Ҷавоб ба марди сархуш нафорид.
– Маблағашро ду карат зиёд медиҳам! Розӣ шав.
– Имкон надорад. Ба тӯйи як инсони дигар, бигузор камбизоат, халал овардану дилашро ранҷондан айбу гуноҳ аст. Ӯ ҳам баумед моро ба хонааш хондааст.
– Розӣ шав, ҳаққи заҳмататро се карат мепардозам, барои туву хирсат алоҳида дастархони дакаданг меороям, тӯҳфаҳо медиҳам! – боз ҳам пофишорӣ мекард.
– Не, наметавонам.
– Чаро? Пули бисёр намефорад?
– Табиатат бароям писанд наомад.
– Ба табиатам чӣ кор дорӣ? Ту як масхарабоз, як хизматгор, як хари лаббайгӯй! Дигар чизе не! Қурбе надорӣ! Агар хоҳам, бо як ишораи ангуштам туву хирсатро занҷирбанд бор карда меоранд ва шумо мурда-мурда мерақсед! Фаҳмидӣ?!
– Ту маро натарсон, дӯғу пӯписа ҳам накун. Биё, беҳтараш, аз хирс пурсем, ки вай розӣ аст ё не. Агар «ҳа» гӯяд, ягон илоҷ меҷӯем. Вагарна…
– Аз хирс? Аз ҳамин ҳайвон?
– Ин ҳайвон дӯсти беғарази ман аст.
– Ту ақлатро хӯрдаӣ магар, ки бо ҳайвон маслиҳат мекунӣ?!
– Нахоҳӣ, ихтиёрат.
– Майлаш, бало ба паси туву хирси маллаат. Пурс! Канӣ, бинем, чӣ садо мебарояд.
Марди хирсбоз дид, ки одамони атроф, меҳмонони тӯйи хоксорона баҳсу талоши ӯву одами ширакайф ва инак хирсро бо мароқи том мушоҳида менамоянд. Вай, ки борҳо дар умраш ба ин гуна вазъият афтодааст, ҳеҷ даступо нахӯрд. Табиати хирсашро хубу аниқ медонист.
– Дӯсти азиз! Ба тӯйи ин одам рафта, хизмат кардан мехоҳӣ?
Хирс лаҳзае чанд ҷониби он даъвогар гӯё синчакорона нигарист. Вале хомӯш истод.
– Ҷавоб деҳ, хоҳиш мекунам! Шарм надор, далер бош!
– Девонаӣ ту, валлоҳ, ки девонаӣ! – гуфт марди ширакайф.
Ин дам хирс чанд маротиба по ба замин кӯфт, сипас қаҳролуд андак ғуррос зад, ниҳоят бо ишораи сар гӯиё «не, намехоҳам!» гуфт.
Мардум аз ин боис қарсак заданд. Бархе шодиомез «офарин!» гӯён нидо бароварданд. Қаҳри марди сархуш, ки хеле ҳушёр шуда буд, хест.
– Бар падари ту барин хирс лаънат! Туву соҳибат маро намешиноседу бо собунам ҷомашӯӣ накардаед!..
Таҳдид хотима наёфта, хирс баландтар ғуррид. Он мард музтар шуда, худро таҳқирхӯрда ҳисобида, ғур-ғуркунон аз давра бадар рафт… Хӯҷаин ба даҳони хирс як калла қанд андохт.
Дар ин миён чанд муддат паси сар шуд. Ҳар гаҳе ки марди хирсбоз он гуфтугӯро бо одами ширакайф тасодуфан ба ёд меовард, худро ноҳинҷор эҳсос менамуд. Ва бештар аз як сол гузашту афту андом ва таҳдидҳояш низ зудуда шуданд. Танҳо бехабар буд, рӯи нофорами он зоти шариф, ки шаробу қиморро ба ҳам омезиш медод ва дар ҷодаи рӯзгор хешро комгор мешуморид, якумрӣ дар лавҳи хотири хирси хушзеҳн боқӣ мондааст…
Аммо хилофи интизориҳо он марди ширакайф ва ду ёри ҳамқадаҳу қиморбозаш ногаҳон омаданд. Дарвозаи занҷираш бози ҳавлии марди хирсбозро бо лағаташ кушод. Ҳамсари соҳиби хона, ки таги айвон ҷумбуҷӯл дошт, як қад парид. Ва меҳмонони нохондаро дида, ба тааҷҷуб афтод.
– Хирс дар куҷо? – бидуни салому алейк суол дод марди ҳозир ҳам сархуш.
Зани зирак дид, ки чашмони мардро хун гирифта, нияташ номуборак аст, бо вуҷуди ин худро гум накард:
– Ана, зери дарахти чормағз занҷирбанд…
Хӯҷаини хирс садои мардро шунида, худаш баромад.
– Хайр, – гуфт ӯ. – Чӣ мехоҳӣ?
Ҳарифи дерини сармасташ ногаҳон аз бағал тапонча баровард.
– Ҳозир мебинӣ! – таҳдид намуд ӯ. Ва баланд хандид. – Аз даҳонат мепаронам, дигар фурсати бо хирсат маслиҳат кардан намеёбӣ ва ба ҳоли ман ҳам намехандед. Ба ҳар ҳол имкони калима гардондану тавба гуфтан медиҳам.
Мили силоҳро ба рӯи хӯҷаини хирс рост овард.
Ин дам хирс ғуррос зад.
– Ғазаби Худоро набиёр! – баҷуръат огоҳ намуд соҳиби ҳавлӣ.
Ғурроси хирс баландтар садо дод.
– Ҳайвон ҳам бошад, бӯи марги хӯҷаинашро ҳис мекунад-а? – ба сӯи он ду рафиқаш нигарист. – Дидед, чӣ хел овоз мебарорад. Шумо боз ҳангоми шарт бастанамон шубҳа кардед, ки чӣ тавр гапи одамро хирс сарфаҳм мерафтааст!
– Ба гуфтаат бовар кардем, биё, мон, ҷӯра, мабодо ба сарамон ягон бадбахтӣ хезонӣ, – яке аз ёронаш пеши роҳашро гирифтанӣ шуд.
– Не! Ман бо шумо гарав бастам, ки бо як тир аз пой меафтонам! Аз қавлам намегардам. Канӣ, одами хирсбоз, ҳунаратро намоиш деҳ! Хирсро аз занҷир озод кун! Як умр барои нафси ту шуда, побанд буд, лоақал пеш аз мурдан худро дар озодӣ ҳис кунад…
– Ғазаби Худоро наёр, мегӯям!
– Худоро як тараф осуда гузор! Биё, пеш гузар!
Мард ночор ҷониби дарахти пири чормағз қадам зад. Алайҳи одами масти силоҳбадаст намедонист чӣ чора ҷӯяд. Ҳалқаи занҷирро аз банди гулӯи хирс гирифт. Ҷонвар сар бардошта, ҷониби хӯҷаини худ чашм дӯхт, зоҳиран ба ҳайрат омада буд. Баъд ба пои пеши росташ заминро чанд дафъа харошид.
– Бинед-а! Ба худаш қабр кофтанист! – хандид марди сархуш. – Як тараф исто! – нидо баровард тарафи хӯҷаини хирс. – Ва бо як тир мурдани дӯсти чаҳорпоятро тамошо кун! Хайрият, аввал туро накуштем.
Ва ба зону нишаста, нишон гирифт пешонии хирсро. Хирс рост ва беҳарос ба тапонча менигарист. Баногоҳ ба ду пои ақибаш рост хест.
Марди сархуш тир кушод. Ё аз тарс ё бо нияти бо як тир аз пой афтондани ҷонвар. Ва дасташ ларзид магар, ки тираш хато хӯрд. Хирс ба ғазаб омада, бо як ҷаҳидан бо ҳамон пои рости пеш гулӯи марди мастро даронд. Хун фағона зад. Марди хирсбоз ва ҳамсараш, азбас фоҷиа ногаҳонӣ рух дод, лол монда, мадори фарёд баровардан наёфтанд.
Марди майпарасту қиморбози ашаддӣ ғарқи хун хиррос зада, ҷон меканд.
Хӯҷаини хирс дид, ки аз он ду рафиқаш на пай мондаву на ҳайдар…
Дере нагузашта муфаттиши полис ва ду нафар корманди дигар омаданд. Аввал батафсил аксбардорӣ карданд. Баъд ҷайби қиморбозро кофтанд. Ду қабза пул баромад.
– Ин аз они шумо, – гуфт муфаттиш, як қабза пулро тарафи хӯҷаини хирс дароз карда.
– Барои чӣ? – ҳайрон шуд.
– Гиред, гиред, товони таҳдиду зӯроварӣ.
– Не! – посух шунид. – Пулҳои ҳаромаш ба ман чӣ лозим. Ба шумо кор наояд, ба хонаводааш диҳед…
«Ёрии таъҷилӣ» низ расида омад.
– Ҷасадро ба мурдахона баред! – амр дод муфаттиш…
Одамизод дар дохили ҷангал шер – шоҳи ҳайвонотро бо ҳила побанди қафас гардонд ва шер ба тамоми қудраташ ғуррос зад, вале ҳеҷ яке аз ҷонварон ба ёриаш нашитофт…
Бобову набера, ҳарду ҳавосашон парешон, кӯтаҳ пурсупос карданду хомӯшона ҷониби соҳил раҳ гирифтанд. Касе аз онҳо, азбас побанди хаёлоти ғашангез мерафтанд, ҷуръат намеёфт, ки раҳораҳ ҳарфе ба забон орад. Гӯё метарсиданд, ки даҳон кушоянд, ҳоло ҳозир тамоми бошандагони мегаполис ба ғалаён меоянду дарёе, ки бомаром ҷорист, якбора маҷрояшро тағйир медиҳад. Ва ё бадтар аз он, осмон ба замин фурӯ мерезаду қиёмат қоим мешавад…
Назди қаҳвахонаи соҳил расиданд. Мӯйсафед кунҷи дури камодамро интихоб намуд ва набера аз пайи бобо қадам монд. Сари миз нишастанду қаҳва фармоиш доданд. Ҳангоме пешхизмат қаҳва овард, мӯйсафед пешакӣ маблағашро пардохт, то бамайлу ором гуфтугӯяшон сурат гирад.
Аз соҳили дарё ҷазираву зоопарк пеши назарашон ҳувайдо меистод. Мӯйсафед ба ҳамон сӯ нигарист.
– Хайр, бобо, ба чӣ хулоса расидед? – ниҳоят набераро косаи сабраш лабрез гашта, гап кушод.
– Ҳеҷ! – гуфт бобо ва гуфтугузори субҳгоҳ бо шеру гургу паланг, рӯбаҳу маймуну леопарду шағол ва дигар ҷонварҳо анҷомдодаашро қисса кард.
Ва боз лаҳзае ғарқи сукут монд.
– Ҳайвонот аз ғиреву талвоса бозмондаанд, пас чӣ ҷои ташвиш? – суол дод набера ва сонӣ, гӯё хоб буду бедор шуда бошад, баҳри худаш ҳам ногаҳонӣ нидо баровард: – Бобо! Нав ақлам гирифт! Шумо магар, дарвоқеъ, забони он ҷонваронро медонеду мефаҳмед ва онҳо ҳам ба забони шумо ошноянд?
Мӯйсафед ҳамоно сукут мекард, зоҳиран пайт мепоид, ки фурсати мусоид фаро расаду ӯ гапи асосиашро ифшо созад.
– Ё ба ман афсона мегӯед, бобо? – дудилагиро ҳис кард магар, ки набера тагпурсӣ намуд.
– Не, ҷони бобо, не! Кош афсона мебуду мову ту ҳоло комилан бепарво мешиштем, аз суруди дарё ҳаловат мебурдем, эҳсоси хавфро дур афканда, аз пайи фикри фардо ё пасфардо ба сарамон чӣ меояд, ҳаросон намегаштем.
– Суханатон беҳад пурмуаммо метобад, бобо! – гуфт Шервон.
– Мефаҳмӣ, рости гап, метарсам, ки даҳон кушоям.
– Чаро? Дар ин атроф касе гуфтугӯи моро намешунавад. Хотиратон ҷамъ бошад.
– Вақте даруни қафасҳо гапамон, ба қавле, пухту ҳайвонот хомӯширо ихтиёр гирифтанд, ба боғи зоопарк гузаштам, то андак туғёни дилу майнаамро таскин бахшаму худро ба даст гирам. Ҳамзамон кадом як қувваи ноаёне маро ба ҳамон тараф тела медод. Дарахтеро оғӯш гирифтам, то ҷисму ҷонам рӯҳи тоза ёбад…
Мӯйсафед, гӯё ба тасдиқи дурустии қиссааш, сӯи боғи зоопарк нигаҳ дӯхт. Набера бо тааммул аз бобо чашм канда наметавонист.
– Ин лаҳза аз шохи дарахт садое ба гӯшам расид. Дидам, ки ду бум шафати ҳамдигар нишаста, бехабар аз ҳузурам аз ман гила доранд, аниқтараш ба ҳолам механдиданд.
– Ман хобам ё бедор, бобо?
– Кош хоб мебудӣ, ҷони бобо! Инак, давоми гуфтугӯи бумҳоро бишнав. Яке аз бумҳо гуфт: «Заб одами гӯлу гаранг, содаву аблаҳ будааст ин мард!» Дигаре илова кард: «Агар ҳафтафаҳм намебуд, ба гапи ҷонварон бовар карда, магар фиреб мехӯрд?» Буми аввала илова намуд: «Ин ҳайвоноти зоҳиран дарандаву дар асл ҳаросзада рози дил накушоданд, сокит монданд, бинобар ин марди нодон раҳгум зад». Буми дуюм гуфт: «Агар ба сари ту ҳам ҳар нимишабии тираву тор ҳашт-даҳ ғӯли тануманду қоматбаланд, бозувонашон қавӣ, баданашон саропо серпашм биёянду аз чашмонашон алов паронанд, ҳайбат ангезанд, забонат лол мемонад ё гунг мешавӣ!» Буми якум суҳбатро интиҳо бахшид: «Ҳамин тавр, марди бехабар аз истилои ғӯлҳо бо дили пур аз қафас берун рафт. Ҳол он ки ғӯлҳо ин саҳар боз меоянд ва дари қафасҳоро мекушоянду ворид мешаванд…» Инро гуфтанду парандаҳо лаб фурӯ бастанд…
Шервон аз ҳайрати беҳад чашмонаш воз мижа намезад, ҳарфе намеёфт, ки ба лаб орад. Кадом бумҳо? Кадом ғӯлҳо? Чаро ба сари ҳайвонот таҳдид мекардаанд? Ва умуман, он ғӯлҳо аз куҷо меоянд? Шабаҳанд онҳо ё арвоҳ?..
– Намедонам, кистанд онҳо, чистанд онҳо ва аз куҷоянд…
– Тавба! Худоё! Шумо, бобо, фикри маро, яъне одамонро ҳам хонда ё шунида метавонед? Агар ҳа…
– Не, ҷони бобо, аз куҷо? Мутлақо тасодуфан…
– Акнун чӣ кор мекунем?
– Намедонам. Миёни чорроҳа муаллақ истодаам.
– Шояд ба сарвари зоопарк хабар диҳем…
– Ҳмм… Вай ба ҳоли мо механдад. Сафсатта мешуморад гумонамро.
– Ба мири шаҳр ё боз болотар, ба Сарвазир нависем… Рафту дар ҳақиқат он ғӯлҳо вуҷуд дошта, ягон нияти бадро пеш гирифта бошанд. Он гаҳ чӣ?
– Он гаҳ мири шаҳру Сарвазир ману туро девона мепиндоранд.
– Охир, ягон иқдом бояд пеш гирем!
– Не!
– Чаро, бобо?
Ва бобову набера сӯи дарё нигаристанд. Аммо ҳеҷ умеде надоштанд, ки оби равон оҳи дилашонро мешунаваду ғубори рӯҳашонро шуста мебарад.
Хурӯс бонг заду шери ба ҷаҳиш омода гурехт, хар, ки ҳамроҳи шоҳи мокиёнҳо буд, далер шуда, аз паси шоҳи ҷангал тохт… андак пас шер ақиб гашту ба хар дарафтод…
Буд-набуд, ба ҳар эҳтимол рост аст, ки таи солҳо дар қаламрави Сирки калон як саг, саги одии чӯпонӣ мезист. Ҷонвар худро соҳиби даруну беруни бино пиндошта, бемалол ин сӯву он сӯ мегашт. Одамони меҳрубон барои ин саги дамдузу беозор аз хонаҳояшон устухону гӯштпораи пасмонда меоварданд. Яъне шикамаш доимо сер буд. Аз ин рӯ субҳгоҳон аксар кормандони сиркро дум ликконда истиқбол мегирифт. Онҳо ҳам хурсанду айни замон саг ҳам хотирҷамъ.
Касе ёд надорад, ки саг дар ин мавзеъ чӣ тавр, аз куҷо пайдо шуд ё кӣ онро овард. Бо вуҷуди ин, хурду калон ба ин ҷонвар одат карда буданд.
Саг гоҳ-гоҳ вориди ҳайвонотхонаи сирк мешуд, аз пушти панҷараҳо ҷониби хирсу гургу шеру паланг зоҳиран далерона ак-ак овоз баланд мекард. Ҳеҷ яке аз ин ҷонварон ба ғалоғулаи саг аҳамият намедоданд.
Рафта-рафта танҳо бо паланг унс пайдо кард. Минбаъд рост ба назди панҷарахонаи паланг мерафт. Ва онҳо ба гуфтугӯ мепардохтанд, чунки забони ҳамдигарро мефаҳмиданд.
– Заб махлуқи ландаҳурӣ-дия! – таъна зад боре саг. – Кай наоям, мебинам, ки дароз кашида, хобӣ ё андармони сукут варзидан…
– Ба хаёлат бо чӣ кор машғул шавам? – пурсид паланг.
– Ман аз куҷо донам? Охир, ту палангӣ. Қомататро рост гир, худро ларзон.
– Баъд чӣ?
Саг дигар ҳарфе ба лаб наовард. Ҳайрон сӯи ҷӯрааш менигарист.
– Ман замоне, дарвоқеъ, паланг будам. Ҳайбатам, наъраам атрофро ба ларза меовард. Ту тасаввур карда наметавонӣ, ки чӣ тавр мардум бошавқ ба ҳунари ман каф мекӯфтанд. Вақте меҷаҳидам, аз даруни ҳалқаи пуроташ мепаридам, ё болои тӯби калон баромада, онро давр мезанондам…
– Ҳоло чаро ба саҳна намебароӣ? – пурсид саг.
– Кӣ маро раҳ медиҳад, ҳафтафаҳм? Собиқ ромишгар ҳатто наздам намеояд. Аниқтараш, билкул фаромӯш кардааст.
– Хафа нашав…
– Чӣ ҷои гила. Пир шудаам. Пири фартут! Чанд сар бачаҳоям низ маро хабар намегиранд. Кору борашон ғами саҳнаву ҷасту хез. Масти шуҳратанд онҳо!
– Шикамат серу ғамат дур, охир? Ё гурусна мешинӣ?
– Не, шукр, ҳар сари вақт гӯшти ин ё он ҷонвари мурдаро мепартоянд.
– Ҳа, зори як луқма набошӣ, хуб аст, – гуфт саг.
– Дигар чӣ илоҷ… Интизорӣ мекашам.
– Ин ҷо сирк аст, ҷӯра. Паланг ҳам бошӣ, мунтазир ист.
– Мунтазири чӣ?
– Мунтазири марг!
– Марг?
– Ҳа, ҷӯра. Ҳамин ки ҳаром мурдӣ, ба пӯстат коҳ ҷой карда, хӯсаатро дар осорхона мегузоранд. Гӯштатро ба дигар ҷонварон медиҳанд. Дунёи сирк ҳамин аст. Ту хафа нашав …
Замоне дар қаламрави мегаполис садҳо китобхонаву мағозаҳои бошукӯҳи китоб вуҷуд доштанд. Оҳиста-оҳиста мардум аз ин бозёфти нодири иҷтимоӣ «боқимондаҳои нодаркор» гӯён рӯ тофтанд, муҳит онҳоро ба ин водор мекард ва ночор зумрае «китоби электронӣ» мехонданд. Гурӯҳе ҳазорҳо нусха сарвати худро ба сифати коғазпора супорида, тин мегирифтанд. Ва хушнуд мемонданд, ки аз бори зиёдатии хонаашон халос шуданд.
Хушбахтӣ ё бадбахтии ин тоифа мардум аз он иборат буд, ки онҳо ногаҳон дарёфтанд: китоб нахонда ҳам, соҳиби мошинҳои дакаданг, баста-баста пулҳои бедардимиён, қасрҳои бисёрошёнаи бодабдаба, мансабҳои баланд шудан имконпазир будааст. Кайфу лаззати зиндагӣ ин ҷо ниҳон мондаву мо, содалавҳон, бехабар гаштаем! Ва сутуни дунё мепиндоштанд худро…
Дар ҷои китобхонаҳо суперу гипермаркетҳои замонавӣ қомат афрохтанд. Аз китоб ёд монду вассалом!
Муаллими яксаду биступанҷсола аз паи тақозову мӯди айём нарафт. Китобу дастхатҳои қадимиро харида, ҳифз менамуд. Бо мурури давр китобхонаи барҳавояш дар музофоти дур ба ҷои тамошобоб, ба истилоҳ, осорхонаи китоб табдил ёфт. Ӯ ба наврасону ҷавонон, ки аҳён-аҳён таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аслан баҳри вақткушӣ меомаданд, бо шавқу рағбати том қисса мегуфт. Ҳангоме ин ё он китоби нодирро ба даст мегирифт, аз ҳаяҷон дасташ меларзид.
Он тамошобинони тасодуфӣ ба ҳоли зори муаллими пир механдиданду аз осорхонааш бадар мерафтанд. Соҳиби китобҳо «ба ҳар ҳол чанд нафар ташриф оварданд, аз мавҷудияти китоб огоҳӣ ёфтанд, ин худаш хеле гап» гӯён дилашро таскин медод ва ба манзили истиқоматиаш, ки дар шафати осорхонаи китоб воқеъ буд, мегузашт.
Муаллими пир як хар дошт. Рангаш хокистарранг. Ҷонвар, ки кораш ҳалолу худаш ҳаром аст, як умр дар берун мезист. На аз офтоб меҳаросиду на аз барфу борон.
Иттифоқан ба маҳаллаи муаллим галаи гургҳои гурусна ҳуҷум оварда, хару гов ё гӯсфанди одамонро даронда мехӯрданд. Ва мардум ба талвоса омаданд. Ба полис муроҷиат карданд. Полис гуфт, ки бо одамон сарукор дорад, на ба ҷонварон.
Бинобар ин, муаллим азбас оғил надошт, шабҳо харашро ночор ба мобайни осорхонаи китоб дароварда мебаст, то мабодо туъмаи гургон шавад.
Рӯзе аз рӯзҳо гурӯҳи меҳмонҳои хориҷиро ба тамошои осорхонаи китоб оварданд. Чун мӯйсафедро огоҳ кардан фаромӯш шудааст ё лозим надонистаанд, дари осорхона қулф задагӣ буд. Муаллими пир ҳам, ки гоҳ-гоҳ бемории фаромӯшхотириаш ранҷ медод, мавҷудияти харро дар дохил аз ёд бароварда, меҳмонону мизбононро пеш медарорад. Хориҷиён, ки харро бори нахуст ба чашми худ медиданд, аҳамият надоданд. Вале сардори мизбонон харро чунон ҳақорати обдор дод, ки ҳама шуниданд.
Хар баланд хандид.
– Дафъ кунед ин гӯшдарози беақлро!
Хар яке ба забон омад:
– Ман на китоб хонда метавонам, на коғаз мехӯрам. Пас гуноҳам чист, ки маро таъна мезанед?
Мизбонон карахт монданд.
Муаллими пир қариб буд, ки аз ҳуш равад. Зеро солҳо соҳиби хар буду дарак надошт, ки гӯшдароз ба лафзи одамӣ ҳарф мезанад.
Хориҷиён, ки суоли харро баръало шуниданд, беҳад ба тааҷҷуб афтода, ҳамроҳи хар ҳар яке сурат мегиронданд.
– Дидед обрӯи маро! – фахромез нидо баровард хар, – Боз маро гӯшдарози беақл мегӯед…
Дар мегаполиси одами ҷавон, ки қоматаш баланд, чеҳрааш андак гирд, чашмонаш сиёҳ, нигоҳаш рӯшану ҳамеша ҷиддӣ, ҷуссааш пурраи мушакҳояш машқдида аст, зиндагӣ шабҳо алорағми бузургшаҳрҳои ҷаҳон комилан ором сурат мегирифту баъди соати ёздаҳ кулли мағозаву марказҳои калони савдо, тарабхонаҳои бошукӯҳ маҳкам мешуданд, меҳмонхонаҳои бешумори панҷситорадори бисёрошёнаи осмонбӯс дарҳои шишагину шаффофи худро аз дарун мебастанд ва посбонҳо то саҳар ташрифи аҳён-аҳён меҳмонони хориҷиро чашмдор меистоданд, дар кӯчаҳо равуои одамон канда мешуд, гоҳ-гоҳ ин ё он мошини сабукрав ин сӯ ё он сӯ хеле босуръат, азбас роҳу шоҳроҳу хиёбонҳо холӣ мемонданд, ҳаракат мекард, чароғони навбатдори биноҳои баланд, агар аз дур ё боло нигаред, медидед, ки пайваста чашмак мезаданд, гӯё огоҳ менамуданд, ки шаҳр зиндаву бо як маром нафас мегирад, фақат хоб рафтааст.
Дар он шаби интиҳои фасли баҳор, ки дарахтони самаровари ҷангалу боғоти канори дури шаҳр аз гул фаромадаву ғӯра бастаанд, самои софу беғубор ва пурситораро якбора анбӯҳи пурталотуми абри сиёҳ зер кард, шаҳри майдону кӯча ва тирезаҳои биноҳояш фурӯзон тирагун гашт…
Рӯи шоҳроҳи асосӣ, ки аз он канори мегаполис шурӯъ шуда, миёни шаҳр ва оқибат болои кӯпруки дарозиаш дукилометраро убур мекард, баногоҳ як манзараи басо нодиру гӯшношунид ё афсонаосои ваҳшатафкан зоҳир шуда буд. Ҳазорон ҳазор мори хурду калон, ғафсу борик, ранг ба ранг, заҳрдору безаҳр, дарозу кӯтоҳ, мисли як оилаи авлодонаш бешумори итоатпеша шитобон бо як низоми қавию устувор сӯи шарқу ҷануб ба хазидан даромаданд.
Шоҳи Морон босалобат ва шукӯҳу андеша андак қомат афрохт. Малика-Мор низ ба ҳаяҷон афтода, дар паҳлӯи шавҳараш рост шуд.
– Набзу хурӯши исёнгаронаи тамоми ҷонварони зоопаркро эҳсос менамоям, мешунавӣ? – гуфт Шоҳи Морон, аз ҳаракат бознаистода.
– Бале! – тасдиқ намуд Малика-Мор.
– Хунашон ба ғалаён меояд, кадом ҷинс ё инсе дар дилу чашмони онҳо ҳарос ва миёнашон балво меангезад, – пиндори худро ба забони морона иброз дошт Шоҳи Морон.
– Кулли ҳайвонот андаруни қафасҳои оҳанин маҳкаманд… пас чӣ онҳоро ба ҳаяҷон меорад? – шубҳаашро гуфт Малика-Мор.
– Бо вуҷуди ин, ҳис мекунӣ, фазои дарё, мавҷи оби он оҳанги дигар мегирад. Шояд оби дарё ҳам хавфу фоҷиаи қарибулвуқӯъро эҳсос мекунад? – пурсид Шоҳи Морон.
– Шояд илоҷе ёфта, ба одамон хабар диҳем? – гуфт Малика-Мор.
– Не, ҳоло ҳама бепарво хобанд, баъдан маънӣ надорад.
– Чаро? – ҳайрон шуд Малика-Мор.
– Аҷаб содаӣ! Чунки забони моро намефаҳманд. Шаҳр, ки бедор шуд, одамон, ки ба худ омаданд, худашон ҳис мекардагистанд. Саропо кар ё кӯр не онҳо… Зудтар мехазем! – ба кулли аҳли табори хеш амр кард Шоҳи Морон.
Анбӯҳи морон вақте бо болои кӯпруки машҳури мегаполис расиданд, дигар зуҳуроти ғалатии асроромез рух дод – ҳар яке пешу қафо худро ба даруни дарё андохтанд… Ҳамааш ба суробу хаёл шабоҳат дошт.
Рӯзи дигар дар сартосари мегаполис ҳангома бархоста, мардумро, гарчи шояд як ё ду миллион нафар ба он ҳаракати шабонаи морон бовар накарданд, овозаи беҷо пиндоштанд, воҳима гирифт. Аммо дар чанд кӯча мошинҳое ёфт шуданд, ки гӯё карахт мондаанду зери чархашон чанд мори гуногун маҷақ мехобиданд. Аз ҳама тааҷҷубовараш ин буд, ки ҳама ронандаву мусофирони дохили он нақлиётҳо ҷон бохтаву чашмонашон воз монда буд. Бегоҳ иттилоъ доданд, ки он одамон бар асари тарсу ҳароси даҳшатафкан мурдаанд…
Маймунро султони ҳайвонот пазируфтанду рӯбоҳро ҳисси бахилӣ боло гирифт ва маймунро ба баҳонаи ганҷи ниҳон назди дом бурд ва ба дом афтонд. Маймун ӯро сахт маломат кард. Рӯбоҳ гуфт:
– Эй маймун, ту, ки ганҷро аз дом фарқ карда наметавонӣ, пас чӣ гуна метавонӣ султони ҳайвонот бошӣ?
Ҳамон бегоҳ мӯйсафед то дер атрофи зоопаркро бодиққат аз назар гузаронд, ба хаёлаш ҳеҷ асосу далел наёфт ё пай набурд, ки боиси ташвиш бошад. Бинобар ин дар худ ҷуръате пайдо накард ва лозим ҳам надонист, ки директори генералиро беҳуда безобита намояд. Дар ҳақиқат кӣ ба гумонҳои шахсиву эҳтимолияти сар задани кадом офат, агар чунин гуфтанро ҷоиз шуморем, бовар мекунад? Хаёлҳои ботилтоби мӯйсафедро ҳарзае беш намепиндоранд. Ба ҳар ҳол дастур дод, ки ин шабу фардо ҳам ҳайвонотро ба ҳавлибоғ сар надиҳанд. Пурсиданд: «Чаро?» Гуфт: «Намедонам.» Қариб буд гӯяд, ки «дилам чунин гувоҳӣ медиҳад». Хайрият, пеш аз пода чанг нахезонд, вагарна миёни ҳамкорон овозаю валвала ба вуҷуд меомад, ки мӯйсафед ҷиннӣ шудааст… Оқибат, «ҳарчи бодо бод!» гӯён, ҳамзамон «тавба!» гуфту побанди андешаҳои бетаг ба хонааш рафт.
Агар андак пештар берун мебаромад, дар назди даромадгоҳи асосии соҳили рости зоопарк ҳатман бо наберааш вомехӯрд. Шервон нияти дидани бобояшро надошт, умуман кӯшиш ба харҷ дод, ки кам касон, хоса аз ҳисоби кормандони зоопарк ба қаламрав ворид шудани ӯро бубинанд. Соати тамошо ҳам ба интиҳо мерасид, аҳён-аҳён одамон саросема аз назди қафасҳои ҷонварон мегузаштанд. Шервон ноаён байни тамошобинон худро гум сохту каме баъдтар ба тарафи ҳавлии сердолу дарахт панаҳ бурд. Бехабар аз он, ки ин шом ҳайвонотро берун намебароранд, ӯ мехост болои яке аз дарахтони сербаргу шохи чанд рӯз пеш таги чашм кардааш баромада, дар миёни танаи барои шиштан ё такя задан қулай мунтазир монад. Гарчанде ҳамон маврид заррае тасаввур надошт ё пешбинӣ ҳам карда наметавонист, ки киро, чиро интизорӣ хоҳад кашид. Боз то саҳар. Ҳеҷ сарфаҳм намерафт, вале эҳсос мешуд, кадом қуввае ӯро тела медод, ки ба иқдоми мазкур даст занад. Азмаш азбас қавӣ буд, даруни борхалтаи замонавиаш обу нону ҳасибу сир, себу помидору бодиринг гузошт, то шаби дароз, агар бекор чашмдор истад, азоби гуруснагӣ пеш наояд…
Дар ин мобайн тамоми атрофро торикӣ фаро гирифт, акнун касе ба назар наметофт, фақат аҳён-аҳён чароғи роҳравҳо ва тарафи посбонхонаи даромадгоҳҳо хира-хира месӯхтанд. Ҳамту, барои намоиш…
Ҳамин тариқ, шаб аз нисф гузашт. Ҳама ҷо сокиту ором, танҳо гоҳ-гоҳ ғиреву наъраи ин ё он ҷонвар муҳитро халалдор менамуд. Бо вуҷуди ин ҳар сари вақт набераи мӯйсафедро ғанаб мебурд. Ба осмон нигарист. Он мутлақо софу беғубор буд, истораҳо низ гӯё сукут меварзиданд. «Онҳо ҳам мисли ман, аз афташ безобитаанду ҳатто аз чашмакзанӣ меҳаросанд ё фурсат намеёбанд» – аз дил гузаронд Шервон.
Ин ҳангом оби лаби соҳили дарё шалаппос зад, ҳарчанд дар ин шабонгаҳ боде намевазид. Аз ин рӯ аҳамият надод. Вале оби дарё дафъаи дигар сахттар ба хурӯш омад. Ва, Худоё, Шервон байни нимторикӣ бо душворӣ дид, ки кадом ҷонзот аз даруни об берун меоянд. Як-ду бор мижа зад, оринҷашро пучид, не, хоб не, бедор буд. Ҷонзотҳо, ки акнун бараъло намудоранд, аз об берун шуда, осемасар сӯи даромадгоҳи зоопарк мешитофтанд. Шервон тариқи планшеташ, ки барвақт ба ҳар ҳол омода гузошта буд, ба наворгирӣ пардохт. Он ҷонзотҳо, ки ба одамони ниҳоят қоматбаланди сип-сиёҳ шабоҳат доштанд, бо як зӯр задан дари посбонхонаҳои ҳар се даромадгоҳи зоопаркро кушоданд, посбонҳои хоболудро яке аз онҳо бо як даст, гӯё гурбаи ошолудро ба каф мегирифта бошад, бераҳмона берун ҳаво дод. Ҷонзоти дигаре посбонро бо ду даст, гӯё калтаки хушкро, озод боло бардошта, миёнашро ба зонуи рост кардааш мезад. Ҳар се посбон лоақал барои дод задан имкон наёфтанд.
Шервон, ҳарчанд ба дилаш даҳшат раҳ ёфт, худро ба даст гирифта, ба шохи баландтари дарахт баромад. Ва ҷониби даромадгоҳи соҳили чап назар афканд. Дар он тараф низ ҳамин гуна ҷонзотҳо дар ҷунбуҷӯланд. Лаҳзае аз наворбардорӣ бознамемонд.
Инак, он ғӯлҳое, ки аз вуҷудашон бумҳо бо бобояш дарак додаанд ва дар дили Шервон низ акнун ба мавҷудияти онҳо шубҳае намонд, тарафи қафасҳои ҳайвонот давиданд. Субҳи козиб фаро омадаву ситораҳои само як-як аз назарҳо нопадид мешуданд. Набераи мӯйсафед дид, ки аз чаҳор сӯ ғӯлҳо дари қафасҳоро бо як кашидан бемалол боз мекарданд ва ба назди ҳайвонот медаромаданд…
Дар кӯчаву хиёбонҳои бешумори мегаполис ҳар рӯз соати панҷи субҳ зиндагӣ бедор мешуду лаҳза ба лаҳза ҷараёни он авҷ мегирифт. Ғӯлҳо шояд аз ин хусусият хабардор набуданд, аммо баробари дамидани субҳ якбора садои наъраю ғурроси ғулғулаафкани даҳҳо, садҳо ҳайвони зоопарк баланд шуда, онҳо ба кӯчаву хиёбону майдонҳои шаҳри бузурги ҳанӯз хоболуд фурӯ рехтанд.
Шервонро, ки планшет дар даст сари дарахт росту карахт меистод ва аз дидааш бағоят моту маҳбут мондааст, воҳима пахш кард. Қатъи назар аз ҳодисаи гӯшношунид, ки пеши назараш рух дод, ба чашми сар шоҳиди он буд, ақлу тавони идрокро аз даст надод ва ба бобояш занг зад:
– Бобо, медонам, ки шумо барвақт бедор мешавед, гумони мову шумо рост баромад, ғӯлҳо тамоми ҳайвоноти зоопаркро ба чаҳор атрофи мегаполис зада бароварданд.
– Ту аз кӣ дарак ёфтӣ?! Ва ҳоло дар куҷоӣ? – ғайриинтизор овози хунсардонаи мӯйсафедро шунид.
– Ман? Дар болои дарахти боғу ҳавлии зоопарк. Наворҳои бардоштаамро ба шабакаи интернет партофтаниям.
– Не, ҳоло саросема нашав. Маро интизор ист. Фаҳмидӣ? Зуд расида меоям. Он тарафашро мебинем…
Сарвазир, ки таи чанд сол бисёр оқибатҳои сӯхтору обхезиву заминларзаву таркиши газу садамаҳои автомобилу поезду самолёт ва амсоли инҳоро зимни омӯзиши таҷрибаи дигар мегаполисҳо саривақт омӯхтааст, баробари шунидани он ки ҳайвонот шаҳрро тасарруф кардаанд, лаҳзае чанд ҳайрону карахт монд. Чунин ҳодиса дарвоқеъ гӯшношунид буд.
Ёвараш ним истакон оби чашма дод. Онро нӯшид, ба худ омад. Амр дод, ки ситоди фавқулодаро фаъол эълон намоянду аъзои онро даъват кунанд.
– Таъҷилан! – нидо баровард ӯ ва таъкид кард. – Имрӯз шанбе, рӯзи истироҳат, бинобар ин аз таги замин ҳам бошад, ёбед. Зуд ҳозир шаванд!
Ёвар тозон аз кабинет баромад.
Котиба тариқи алоқаи дохилӣ хабар дод, ки мэри мегаполис бо ҷаноби Сарвазир гуфтугӯ карданист.
– Ҷаноби Сарвазир! Аҳволи хеле бад, ҳатто фоҷиабор ба амал омадааст.
– Пешниҳоди шумо, мэр?
– Худи ҳамин лаҳза, агар шумо иҷозат диҳед, дар қаламрави мегаполис вазъияти фавқулода эълон намоям…
– Полис кулли боғчаву мактабу коллеҷ, гимназия, беморхонаҳоро бо посбонҳои силоҳнок таъмин намояд. Боз беҳтар, агар сокинон фарзандонашонро дар хона нигаҳ доранд. Тамоми сохторҳои марбутаро ба по хезонед. Ҳар ним соат ба шумову ман иттилоъ диҳанд. Худатон як шаҳрро, марказҳои асосии онро тоб хӯрда, шинос шавед, яъне ба чашми худ бинед, то фаҳмем, ки гап чиву кор чӣ. Баъд, рост ба назди ман! Ситоди фавқулода фаъол аст!.. Муваффақият ёратон! Ва худро эҳтиёт кунед!
– Ташаккур, ҷаноби Сарвазир! – ва бо ҳамин гуфтугӯ қатъ гардид.
Ин лаҳза бе иҷозат, дурбини бақуввати ҳарбӣ дар даст, ёвар даромад.
Сарвазир ба маънои чӣ гап ба рӯяш нигарист.
– Ман ба ҳама вазирон дастури шуморо расондам. Таъкид намудам, ки аввал вобаста ба шароит тадбирҳо андешанд ва пасон ба ситоди фавқулода ҳозир шаванд. Аз болои боми бинои мо – қабати понздаҳум аксар хиёбону майдонҳои шаҳр чун дар рӯи каф метобанд. Фикр кардам, ба ҳар ҳол, худатон як ба мавзеъҳои шаҳр менигаристед. Тасаввуроти умумӣ, эҳтимол, пайдо шавад.
Шерон – шоҳи ҷангалҳо, тибқи ривоятҳо аз дасти одам ба қаламрави биёбони гармояш тоқатфарсову холӣ гурехтаанд!..
Тақрибан як соат пас Сарвазир ба толори ситоди фавқулода даромад. Аҳли толор аз ҷо бархостанд.
– Шинед! Телефонҳоятон фаъол бошад! Ҳар хабар, ки расид, зуд маро огоҳ кунед! – амр дод ӯ ва ба котиби матбуоташ рӯ овард: – Чӣ мегӯӣ?
– Ҷаноби Сарвазир! Кулли шабакаҳои мо ва чанд расонаи ҷаҳонӣ хабару сюжетҳо пахш карданд. Яъне, ки тамоми дунё хабардор аст. Вале оид ба боиси сар задани ҳодиса ягон таҳлили мушаххас нест.
– Вазири корҳои дохила! – кӯтоҳ гуфт Сарвазир.
– Ҳодиса ногаҳонӣ рух дод. Касе чашмдор набуд. Зимни талаботи вазъияти фавқулода садҳо афсарони полис кулли биноҳои маъмурию давлатӣ, бист шабакаи телевизион, кулли кӯпрукҳои калон, вазорату донишгоҳу мактабу боғчаҳоро таҳти ҳимояву назорат қарор доданд.
– Ба хаёлатон, ҳайвонҳо табаддулот карданӣ? – бо писханд пурсид Сарвазир.
– Не, ман тибқи муқаррарот… Чархболҳо вазъияти мегаполисро баробари наворгирӣ омӯхта истодаанд.
– Мэри шаҳр!
– Ҷаноби Сарвазир! Вазъият дар асл ниҳоят муташанниҷ аст. Вақте ҳайвонҳо ба майдону хиёбонҳо баромаданд, айни соати корравии мардум буд. Табиист, ки пешорӯи худ дарандаҳоро дида, одамони бепарвою ғофил аз ҳодиса ҳангома хезонда, дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ худро ба чор тараф задаанд.
– Ягон даранда, бигӯед, ба одамон дарафтодааст ё на? – савол дод Сарвазир.
– Бале, – посух гуфт вазири корҳои дохила. – Ҳамин лаҳза иттилоъ гирифтам. Ҳангоме як ҷуфт шер ба шоҳроҳи ҳаракати мошинҳояш суръатнок мебароянд, ронандаҳо даступо хӯрда, даҳҳо мошинҳо ба садама афтодаанд. Чанд нафар, мутаассифона, мурдаву баъзеҳо захм бардоштаанд. Ҳолати рухдодаро ба назар гирифта, марди полис аз таппончааш шерро мепаронад. Модашер бошад, ба ӯ дарафтода, гарданашро хойидааст… Ва гурехтааст…
– Кӣ амри парондани ҳайвонотро додаст?
– Ҳеҷ кас! Зоҳиран аз тарс ва нияти ба эътидол овардани вазъият.
– Бори дигар ҳар нафари полисро огоҳ созед, мабодо бо майли худ ҳар ҳайвони пеш омадаро парронад.
– Директори генералии зоопарк даъват шудааст?
– Не, – гуфт ёрдамчӣ. – Вай аъзои ситод нест. Ин айби мо, узр, ҳозир ислоҳ мекунем.
– Зарурат надорад, – посух гуфт вазири корҳои дохила. – Мо ӯро саҳарӣ дар хонааш ба ҳабс гирифтем.
– Барои кадом гуноҳаш? – пурсид Сарвазир.
– Аз мурдани худ хабар дораду аз исёни ё гурехтани ҳайвоноти зоопарк не! Хаёл кардаанд, ки мегурезад. Ба ҳар эҳтимол боздошт намудаанд. Дастур додам, ҳозир меоранд.
– Маъзарат мехоҳам, ҷаноби Сарвазир! – аз ҷой бархост вазири тандурустӣ. – Мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» қариб сад нафарро, ки дар талвосаи ҷон афтодаву хеста захмдор шудаанд, ба беморхонаҳо расонидааст.
Сарвазир ҳарфе нагуфт. Вай афсурдадилона чанд маълумоти то ин дам шунидаашро ҳазм карданиву асли ҳолро фаҳмидан мехост. Дарку тасаввур намудани он ки чӣ тавр шаҳри калони орому осуда дар он ба як муҳити даҳшатзо табдил ёфтааст, дидан он тараф истад, аз шуниданаш бадани одам мурғак дамонда, ваҷаррос мезанад, душвор метофт. Аз рӯи гуфти масъулин, гумон мерафт, ки мегаполисро сартосар аҷинабодак фаро гирифта, тибқи хабарҳои дигар манбаъҳо баъзе одамони заифирода ё ҷисмашон дардманд мисли барқзада ҷобаҷо мурда афтодаанд.
– Ҷаноби Сарвазир! – аз ҷой бархост мэри шаҳр. – Тӯдаи маймунҳои хурду калон ба бозори шимолӣ ҳуҷум оварда, харидору фурӯшандагонро пароканда кардаанд. Соҳиби растаи бананфурӯшӣ ба шиками маймун корд задасту ҷонвар захмину хунолуд хобидааст. Дигар маймунҳо он мардро зери пои худ гирифтаанд ва…
– Чаро хомӯш мондӣ? – дилтанг шуда, суол дод Сарвазир.
– Маълум не, ки зинда ё мурдааст. Касе аз одамони дар дохили дӯконҳо паноҳбурда ҷуръати наздик рафтан надоранд. Мегӯянд, ки маймунҳо болою гирди ҷасади он бечора ҷасту хезу хурсандӣ, гӯё рақс мекунанд. Боз ҳама ба қаҳр омада, тамоми маҳсулоти бозорро, ки бесоҳиб мондаанд, авлодони қадимаи мо ба замин пош додаанд…
– Ин зоопарк не, балки даргоҳи балоангез будаст-ку! Наход, ки ҳайвонот ҳам исён хезонанд? Тамоми бадкирдорон, ки дарандагонро озод карда, ба кӯчаҳо сар додаанд, бояд дастгир шаванд, – гуфт касе.
– Аввал онҳоро ёфтан лозим, – луқма партофт дигаре.
Касе ба ин садоҳо аҳамият надод.
Телефони сап-сафеди хосааш овоз баровард. Сарвазир лаҳзае ба экрани рӯшани он назар давонд. Ба ин телефонаш ҳамагӣ даҳ-понздаҳ нафар ҳаққи занг задан доранд ва он ҳам дар ҳолатҳои фавқулода. Аммо соҳиби рақами телефони он сӯ бегона буд – бинобар ин ҷавоб нагуфт. Бар замми ин ёвараш иттилоъ дод, ки директори генералии зоопаркро овардаанд.
– Даъват кунед! – амр дод ӯ ҳамоно бо димоғи сӯхта.
Директор як марди қоматбаланди ҷиддӣ буд, ки ҳаросзада метофт. Базӯр салом гуфту сархам интизор истод.
Ин лаҳза котиби матбуотӣ аз ҷояш хест ва барои гирондани телевизор иҷозат хост. Ӯ беҳуда ба ҳеҷ иқдом даст намезад. Бинобар ин Сарвазир ишораи розигӣ дод.
– Раиси шабакаи умумиҷаҳонӣ хабар дод, ки журналистонаш сужети аҷоиб таҳия карданду ҳамин лаҳза пахш мешавад.
Ҳама ба экрани калон рӯ оварданд.
– Аз хусуси марди девона! – гуфт сухангӯ.
– Ба мо ҳоло ҳозир фақат девона намерасид! – бо ҳайрат афзуд Сарвазир.
– Вай девонаи қаторӣ не, девонаи воиз. Ҳар саҳари барвақт аз рӯи одати куҳнааш ба назди фаввораи бузурги майдони бадбахтӣ меояду фарқе надорад, зимистон ё тобистон, барф ё борон, ваъз мегӯяд. Ба назараш доимо чунин метобад, ки маърӯзаашро ҳазорон нафар гӯшу ҳуш шуда мешунаванд. Дилаш, ки таскин ёфт, сонӣ хурсандона ба хонааш меравад. Инро мардуми атрофи он майдон хуб медонанд.
Сужет дар ҳақиқат мароқангез буд.
Он марди лоғарандоми шиму костюмаш куҳнаю фарсуда бошавқу рағбат зери лаб пичир-пичир гап мезад. Ва… шеру гургу хирсу леопард, як-ду маймун, як шутурмурғ гирди девонаро печонида гирифтаанду оромакак шишта, «мулоҳизаҳояш»-ро мешуниданд. Аҷоиб, ки дар нигоҳи мард заррае тарсу ҳарос эҳсос намешуд. Гӯё девонаву он ҷонварон солҳо инҷониб ба ҳамдигар унс гирифта бошанд… ва журналистон ин сужети худро чун муаммои фоҷиаи рухдода маънидод карданд…
Сарвазир, гӯё нав сарриштаи он муамморо ёфта бошад, ба директори генералии зоопарк рӯ овард.
– Афту башараат мурғи ба об афтодаро ба хотир меорад. Канӣ, бигӯ, ба хаёлат чӣ ҳодиса рух додааст? – пурсид Сарвазир.
– Намедонам… Шарҳ дода ҳам наметавонам. Дирӯз бегоҳӣ даҳҳо ҷонварон сахт ғирев бардоштанд. Даруни қафасҳояшон. Сабабашро ҳеҷ нафаҳмидам. Баъд ба мӯйсафед дастур додам, ки рафта, вазъиятро фаҳмад. Андак дертар ҳама ҳайвонот ором шуданд.
– Кадом мӯйсафед?
– Корманди зоопарк.
– Вай чӣ, магар ромкунанда аст, ки бо як ишорааш кулли ҳайвоноти ғалоғула бардошта ором шудаанд? – пурсид Сарвазир.
– Дақиқ чизе гуфтан душвор… Вале…
– Бубахшед, ҷаноби Сарвазир, – аз ҷояш хест вазири корҳои дохила. – Аз тарси он ки гургҳо ба онҳо дармеафтанд, ду нафар донишҷӯ худро аз болои кӯпруки болои дарё ба об партофтаанд. Бехабар аз он ки дар зер плитаҳои калони бетонӣ чидаанду оби дарё андак онро гӯр мекунад. Ҳарду ба ҳалокат расидаанд…
– То кай хабарҳои ғамангез мешунавем? Ин кор анҷомпазир аст ё на? Магар рӯзи аросот фаро омад? Ангуштнамои мардум шудем, халқи олам механдад, ки лаҷоми чаҳорто ҷонварро ба даст гирифта наметавонем.
– Чаҳорто не, ҷаноби Сарвазир, балки бисёртар аст, – забон хойид директори генералии зоопарк.
– Дарвоқеъ, чанд ҷонвар гурехтааст?
– Кулли зоопарк, ба ғайр аз бачаҳои кӯчаки дарандаву чаранда, ки дохили қафасҳои хурд ҳайрон мондаанд, ҳамагӣ сесаду шасту ҳафт сар… Бисту се хирси малла, сию ду маймун, дувоздаҳ ҷуфт шер, дуто фил, ҳафт ҷуфт шутурмурғ, панҷ ҷуфт бузи кӯҳӣ, нӯҳ паланг…
– Бас! – нидо баровард Сарвазир. – Ин қадар, ки доно бошӣ, мемурдӣ магар ҳайвонотро басар нигоҳ дорӣ?! Ба касофати ту барин сардор мегаполис имрӯз арсаи кушоду озод ё майдони сайругашту худсариҳои ҳайвоноти даранда шудааст. Ту оё сарфаҳм меравӣ?
Директори генералии зоопарк аз тарсу изо сархаму гунг меистод…
– Ҷонваре, ки ақлаш гирифту санги дар бағал доштаи одамро пай бурд, худро аз зарбаи ҳалокатовар ҳам наҷот бахшида метавонад! – гуфт аккаи думдароз ва бачаҳои ба воя расидаашро танҳо гузошту парвоз карда рафт…
Телефони хосаи Сарвазир боз садо баровард. Ҳамон шахси ношинос пофишорона дархости гуфтугӯ мекард. «Дар ҳамин вазъияти тангу ночорӣ кӣ ин қадар густохӣ зоҳир менамояд?» Ҳарчанд зӯр зад, ки ба ёд оварад, нашуд. Сарвазир кулли рақамҳои маъмулан мустақим бо ӯ робита мебастаро ба ном ё насаби соҳибонаш табдил дода буд. Вале ин рақами бегона…
– Бубахшед, ҷаноби Сарвазир! – боз изтиробангез аз ҷой хест вазири корҳои дохила. – Ду-се гургу палангу шағол ба комбинати гӯшт зада даромадаанд. Аз афташ, бӯи хуни молҳои сарбуридаро ҳис кардаанд.
– Магар бӯи хуну гӯшт ба фазои берун паҳн мешавад? Чаро то ин дам ба димоғи касе намерасид? – суол дод Сарвазир. – Кӣ ҷавоб медиҳад?
– Намедонам, эҳтимол ҳайвоноти даранда бӯи хунро аз масофаи дур ҳис мекунанд…
– Ба одамон зарар расондаанд ё не? – изтиробомез пурсид Сарвазир.
– Не, – гуфт вазир. – Ҳама гурехта, пинҳон шудаанд. Ҳайвонот ба тани гову гӯсфанди пӯсткандаю дар тор овезон часпидаанд. Яъне шикам сер мекунанд. Кормандони он сехи калон фурсатро ғанимат шуморида, ба берун баромадаанд. Аҷоиб, ки гӯштро дида, дарандаҳо ба гурезогурези одамон заррае аҳамият надодаанд…
Шабакаи умумиҷаҳонии шабонарӯзӣ пайиҳам ду сужетро пахш намуд.
…Ҳафт ё ҳашт галаи сагҳои дайдуи гуногунзот дар кӯчаву майдонҳои мегаполис озод давутоз доранд. Ғурросу аккоси онҳо ба дили аҳён-аҳён раҳгузарон ваҳм меангехт…
… Дигаре аз он хусус навор нишон дод, ки садҳо аспҳои луч, яъне зинназадаи комбинати зотпарварӣ ба хиёбонҳои шаҳр фурӯ рехтаанд. Онҳо масту озод, чорхеззанон даҳҳо гектар киштзор – заминҳои музофоти мегаполисро помол карда, то хиёбонҳои шаҳр расидаанд…
– Чунин тасаввурот ҳосил мешавад, ки мегаполис бесоҳиб мондааст, – хулоса кард шореҳ…
Ҳар хабари нави марбут ба ҳодисаҳои кӯча дар дили ҳозирин як навъ ҳавл меангехт, аммо Сарвазир ҳамоно хунсард мемонд. Вай дигаронро бодиққат гӯш мекард, гоҳ-гоҳе посух мегуфт, суол медод. Лекин як гӯшаи майнааш, шояд ҳуҷайраҳои алоҳидаи он аз рӯи ғариза илоҷи воқеаро меҷуст, роҳи наҷотро мекофт. Душвор буд ба як хулосаи ниҳоӣ омадан. Ба нишонзанҳо фармон диҳанд, ки як-як ҳайвонотро паронанд? Чӣ тавр? Дар рӯзи равшан, боз пешорӯи мардум? Аниқ, ки кулли журналистони шабакаҳои машҳури дунё омодаанд, пайт мепоянд, ки ин фоҷиа ба чӣ меанҷомад. Баъд ин қадар нишонзанро аз куҷо меёбем? Ё афсарони ҳарбиро истифода барем? Не, инаш, аниқ, ки истисност! Агар ин ҳол рух диҳад, аҳли ҷаҳон моро ба бераҳмӣ ва ноӯҳдабароӣ гунаҳкор медонанд. Агар маҳкумшудагон аз ҳабс мегурехтанд, гапи дигар буд. Ҳоло, ки гап сари чорпоёни безабон, бигузор сарҳуймонда меравад, рӯирост ба қатл расонидани онҳо бераҳмист. Ягон чораи дигар бояд ёфт…
– Ҷаноби Сарвазир! – гуфтугӯи телефониашро қатъ кардан замон рост шуд мэри мегаполис. – Як ҷуфт фили захмхӯрда ҳар мошини пешомадаро бо хартумашон чаппаву роста… Худоё, тасаввур намудан душвор, ки кадом аблаҳи полис сӯи яке аз филҳо тир кушодаасту ғазабу қаҳрашонро овардааст. Аллакай даҳҳо мошини наву куҳна, ба гуфти сардори полис, дабдалаашон баромадаанд. Онҳо иҷозати куштани ҳайвонҳоро мепурсанд.
– Не! – аз ҷой бархост Сарвазир. – Мо ба чунин иқдом ҳақ надорем. Алҳол ягон ҷонвар бо хости худ ба касе аз одамон зарар нарасондааст!
– Шояд, – гӯё кашфиёте карда бошад, чашмонаш дурахшида, пешниҳод овард мэр, – ҷонваронро бо тирҳои махсуси мадҳушкунанда аз пой афтонем ва то қафасҳояшон кашонем?
– Фикри олиҷаноб! – писхандомез рад намуд Сарвазир. – Бо як ишораи чӯбчаи сеҳрнок дарандаҳо аз чаҳор сӯи шаҳр ба майдон ҷамъ меоянд ва рост саф меороянд. Ва интизор меистанд, ки шумо кай бемалол нишон гирифта, ба баданашон тири мадҳушкунанда мепаронед!..
Мэр истиҳолаомез ҳарфе нагуфта, ба ҷояш нишаст.
Вазири амният, ки қариб беист тариқи телефонҳояш гуфтугӯ мекарду дастур медод, аз ҷояш бархост. Ҳоло ӯ даҳон накушода:
– Боз ягон иттилои нохушу гӯшношунид? – пурсид Сарвазир.
– Дар як вақт якбора се мағозаи тилловориро ғорат кардаанд.
– Дарандаҳо?!
– Не, албатта, ҷаноби Сарвазир, – гуфт вазири амният. – Се гурӯҳи номаълуми ҷинояткор.
Толорро лаҳзае хомӯшӣ фаро гирифт.
– Ҷаноби Сарвазир! – аз ҷой хест вазири корҳои дохилӣ.
– Боз ягон хабари нохуш?
– Бале. Аммо забонам намегардад, ки…
– Об, ки аз сар гузашт…
– Ин дафъа се маймуни силоҳдор савори мошин омада, посбонҳои бонки сармоягузории хориҷиро паронда, тамоми пулҳои нақди бонкро ба яғмо бурдаанд. Чанд миллион…
– Маймунҳои силоҳдор?
– Ҳа… Аз рӯи наворҳо маълум кардаанд, ки онҳо хеле чаққон ва кордида…
– Ва аз ҷои ҳодиса ғайб ҳам задагистанд?
– Аниқ дарёфтед… Парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тафтишот шурӯъ шудааст. Мегӯянд, ки ба забони маймунҳо гап мезадаанд, вале равшан дидаанд, ки лунҷашон карахту намеҷунбидааст.
– Яъне кадом гурӯҳи дуздони ғоратгар муштро ба торикӣ задаанд…
– Аз афташ, ҳамин тавр.
– Ин фоҷиа кай ба охир мерасад? Ягон кас магар пешниҳоди мушаххас надорад? Шумо оё дарк менамоед, ки ин ҳодиса дар назари ҷаҳониён сатҳи касбияту коршоямии мову шуморо комилан зери шубҳа мегузорад?
– Дар интернет низ ҳамин фикрро навиштаанд! – бадоҳатан садо баланд кард котиби матбуотӣ. Ба назар чунин тофт, ки гуфтаи Сарвазирро тасдиқ намуда, худро ширин карданист.
– Чӣ навиштаанд?
– Таъна задаанд, ки рӯз нисф шудаву даҳҳо ҳодиса сар задаанд, аммо ҳукумати Сарвазир фалончӣ дасткӯтоҳиву нотавонӣ зоҳир менамояд…
Телефони хоса ногаҳон овоз баровард. Боз ҳамон рақами ношинос. Ин дафъа Сарвазир фикреро ба сараш роҳ надодаву посух гуфт:
– Алло! Гӯш мекунам!
– Хайрият! Салом, ҷаноби Сарвазир!
– Салом! Кӣ гап мезанад?
– Ман ҳамон шикорчие, ки чанд сол пеш ҳангоми шикор шуморо раҳнамо будам. Ба ёдатон омад?
– Ҳа, – гуфт бепарвоёна, – вале ман ҳозир дар ҷаласаи фавқулодаам, – хост гапро кӯтоҳ кунад.
– Ман дарак дорам, ки дарандаҳои зоопаркро киҳо ба шаҳр сар додаанд.
– Ҷиддӣ мегӯед? Шумо дар куҷо?
– Ман зиёда аз як соат инҷониб назди даромадгоҳи қасри шумо. Посбонҳо намемонанд, ки дароям. Чанд бор занг задам, афсӯс… бенатиҷа…
– Як лаҳза интизор шавед, – ва Сарвазир гӯшаки телефони рӯимизии мустақимро бардошта, ба сардори посбонҳо амр дод ва тарафи ҳозирин рӯй овард: – Чанд дақиқа пас мефаҳмем, ки барои гурезондани ҷонварҳо кӣ васила шудааст! Ва чӣ тавр кулли қулфҳои қафасҳои калони оҳанин худ ба худ дар як он кушода шудаанд.
Ин иттилои Сарвазир ҳамаро ба ҳайрат овард.
Ва дар кушода шуду мӯйсафед ворид гашт.
Сарвазир акнун ӯро шинохт.
– Ана! Ана! – якбора нидо баровард директори генералии маъюсу афсурдаҳоли зоопарк. – Ана, ҳамон одаме, ки ман дар назар доштам. Гап-гап ҳаст, ки ӯ забони ҳайвонотро медонаду мефаҳмад. Кӣ медонад, шояд дар сар задани ҳодиса вай даст дошта бошад…
Сарвазир табассум кард. Ва чун шиноси наздику қарин мӯйсафедро ба оғӯш кашида, ҳолпурсӣ намуд.
Сарвазир бадоҳатан кордонию чолокӣ, ҳушёрию зиракии мӯйсафедро пеши назар овард, медонист, ки ҳамроҳи ин шикорчии моҳир гаштугузор дар кӯҳу ҷангал, ҳатто ҳангоми бо хирсу шеру паланг рӯ ба рӯ омадан ҳеҷ хавфе надошт.
– Аввало бигӯ, дӯсти ҷавонмардам, худат ба зоопарк ва ба ин ҳама фоҷиа чӣ дахл дорӣ?
– Аслан ҳеҷ. Корманди қатории зоопаркам.
– Кай боз?
– Тахмин се сол шуд.
– Хайр, чӣ асроре ҳаст ин ҷо?
– Бовари кас намеояд. Вале, мана, – мӯйсафед флешкаро аз ҷайби дарунии костюмаш баровард. – Тасодуфан навор бардоштаанд.
Сарвазир лаҳзае ба флешка чашм дӯхт. Хост суоле диҳад, аммо аз раъяш гашт. Ба котиби матбуотӣ нигарист. Ӯ дарҳол наздаш омаду флешкаро гирифта, ба телевизори калон пайваст намуд.
– Мебинем? – пурсид ёвар.
– Ҳатман! – иҷозат дод Сарвазир. – Ва фавран! Худи ҳозир!
Хирсҳо, ки замоне одам буданд, бинобар носипосиашон ба асари дуои дарахтони афсонавӣ – санавбарҳо ба хирс табдил ёфта, сокини ҷангал шудаанд...
Баъди тамошои навор Сарвазир, ки рост меистод, лол монда, ба ҷояш нишаст. Вай ҳамаро чашмдор буд, вале мавҷудияти ғӯлҳоро не.
– Он махлуқҳо дар ҳақиқат ғӯланд ё одамони девсурати баднияти тағйири либос карда? Касе аз шумо шарҳ дода метавонад?
Нафаре ҷуръати дам задан наёфт. Кирдори ғӯлҳо аз дарки ақли инсонӣ берун метофт.
– Ғӯлҳо аз куҷо пайдо шуданд?
– Аз даруни об, – гуфт яке.
– Фаҳмидам, худам ҳам дидам, вале аз куҷо – аз қаъри дарё ё аз он соҳил? Ё аз осмон фуруд омадаанд?
– Инаш дар навор нест, – луқма партофт ҳамон одам.
– Ҳоло, ки фоҷиаи калонтар рух надодааст ва маълум нест, ғӯлҳо ба куҷо ғайб задаанд, боз чӣ мақсади нопок доранд, биёед, фикр кунем. Мегаполиси мо ба тамошогоҳи ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳама интизоранд, ки ин ҳодиса чӣ гуна анҷом мепазирад! Хайр, рӯз нисф шудааст, чӣ пешниҳодҳои мушаххас ҳастанд?
– Ман маълумот гирифтам, ҷаноби Сарвазир, – гуфт вазири корҳои дохилӣ, – Суди олӣ барои парондани ҷонварони ба сари шаҳр фурӯрехта иҷозат надодааст. Мо саҳарӣ ба ҳар эҳтимол муроҷиат карда будем.
– Расман? – аниқ намудан хост Сарвазир.
– Бале! Хаттӣ!
– Шояд сарбозони ҳарбӣ бо тӯрҳои бақувват якто-якто дастгир кунанд? – гуфт вазири мудофиа.
– Тамоми ҷонварон дар гӯшаву канори мухталифи мегаполис паҳну парешонанд. Ба назарам имконнопазир метобад. Аммо ба ҳар ҳол мулоҳиза карда бинед. Кӣ медонад, маҷбур монем агар…
Сарвазир раҳ меҷуст.
Мӯйсафед ҳам.
– Ту, гурги аблаҳ, ба қапқон дармондӣ! – хандид рӯбоҳи айёр. – Пеш аз мурданат ибодат кун ва аз Худо омурзиши гуноҳи бешуморатро хоҳ! – ва равғани домро хӯрда, думликкон гурехта рафт.
Ниҳоят мӯйсафед, ки ин ҷо ӯ ва директори генералии зоопарк ғайрирасмӣ ҳузур доштанд, даст бардошт.
– Дӯсти ҷавонмардам! Марҳамат, шояд аз забони шумо ягон пешниҳоди коршоям садо диҳад.
Мӯйсафед андешаманд аз ҷой хеста, пештар омад.
– Аслан, ин ҷонварон, ки бар асари хости кадом қувваи ногаҳонию номаълум имрӯз дар кӯчаву хиёбону майдонҳо сарсону саргардонанд, махлуқи беозоранд. Онҳо, ба ҳар ҳол, аксарашон даруни қафас зоида шуда, ба воя расидаанд. Гумон мекарданд, ки зиндагӣ ҳамин аст. Фақат баъзеашон муҳити озоди ҷангалу кӯҳу дараву биёбонро ёд доранду халос…
– Гапро ғоз надиҳед, то шаф-шаф мегӯед, ки рӯз бегоҳ мешавад, – ғайриинтизор ва бемаврид касе суханашро бурид.
– Намедонам, шумо кӣ, донои замон, аммо ман миёни ҳарфи касеро қайчӣ назадаам. Ва бо шумо не, бо Сарвазир гуфтугӯ дорам.
– Ҷавоби арзанда додед, дӯсти ҷавонмардам! Ҳоҷат ба эроди ман нест. Гапатонро идома диҳед. Гӯшамон ба шумо. Бубахшед!..
– Ақидаи ман ин ки он ҳайвонот, аксарашон даранда ҳам бошанд, гуноҳ надоранд. Касе ё чизе, шумо худатон дидед, онҳоро ба ин иқдом тела додаст. Баъдан, ҳар яки ин ҷонварон ба одамон одат кардаанд. Чунки ҳар рӯз ҳазорон нафар хурду калон ба зоопарк меомаданд.
Акнун мақсад агар ба хонаҳояшон баргардондани ин ҷонварон бошад, як роҳ ҳаст. Ба ҳар ҳол санҷида, дидан лозим, эҳтимол ба фоидаи кор бошаду натиҷа диҳад. Медонед, дар зоопарк ҳайвонотро гоҳо ба фазои озоди ҳавлии атрофи он сар медодем. Ҳамин тавр ҳам мешуд, ки то дер ҷонварон якравӣ карда, вориди қафас шудан намехостанд. Рости гап, азоб мекашидем. Бо маслиҳати як рафиқам, – мӯйсафед, аз чӣ боис, ки нахост маслиҳати набераам Шервон гӯяд, – овози қую чув ё доду фарёди бачаҳои кӯчаки шеру гург, палангу шағол, рӯбоҳу хуки ёбоӣ, филу хирсу леопард, хулоса кулли ҷонваронро сабт кардему пахш намудем. Тасаввур мекунед, кор дод – ҷонварон, гӯё бачаҳояшонро ҳафтаҳо надидаву пазмон шуда бошанд, ҷонҳолона ҷониби қафасҳо медавиданд…
Мӯйсафед сокит монд.
– Тамом? – як навъ бо тааҷҷуб суол дод Сарвазир.
– Ҳа, – кӯтоҳ тасдиқ шунид.
– Он сабтҳо, яъне овози бачаҳои ҳайвонот дар куҷо маҳфузанд? – мақсади дӯсти ҷавонмардашро пай бурда, кунҷковӣ намуд Сарвазир.
– Мана, дар ин флешка! Хоҳед, гӯш карда бинед. Хеле боҳунаронаву таъсирбахш сабт шудааст.
Дар ҳақиқат ҳамин тавр буд. Касе мавриди шунидани овози ғалоғулаомези бачаҳои ҳайвоноти гуногун, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ баланд мешуд, лому мим нагуфт.
– Худи ҳамин лаҳза маводро нусхабардорӣ кунед, бигузор тариқи мониторҳои махсуси дар майдону кӯчаву хиёбонҳои мегаполис насбшуда пахш намоянд, садо диҳад. Эҳтимол ҳайвонҳо бинанду шунаванду… Худо кунад, ба дилашон раҳ ёбад. Вазири корҳои дохила ва мудофиа, шумо масъул! Мусоидат намоед!
Мӯйсафед эҳсос намуд, ки Сарвазир, ҷояш ояду зарур афтад, бағоят қатъӣ ҳарф задаву дастур дода метавонад.
– Роҳҳои бозгашт ба зоопарк бояд озод бошанд. Бинед, дарҳои қафасҳоро кушода монанд. Ҳама аз паи иҷрои амр! Лозим шавад, даъват мекунанд. Худованд ёру раҳнамо бод! – зоҳиран ба гуфтугӯ нуқта гузошт Сарвазир.
– Боз як хоҳиш дорам, – гуфт мӯйсафед.
Сарвазир, ки акнун мехост андармони дигар корҳо шавад, бозистода, рӯ ба дӯсташ овард.
– Амр диҳед, азбас фурсат танг аст, тариқи чархбол он шикорчии асилу ашаддиро ба ин ҷо биёранд.
– Зарурат ҳаст магар?
– Бале, ҷаноби Сарвазир. Ӯ ҳам то ҳадде бо ҳар як ҳайвони дарандаву хазанда гуфтугӯ карда метавонад. Аз карнайчӣ як пуф! Шояд натиҷа диҳад.
– Бо дарандаҳои мазаи озодиро чашида рӯ ба рӯ танҳо мондан хавфнок не?
– Мо бояд аз хурдтарин имкон истифода барем, – ба пешниҳоди худ устувор истод мӯйсафед. – Ана, нишонии мавзеи зисташ.
– Ба вазири корҳои дохила диҳед. Бигузор чархбол фиристанд.
– Итоат! – нидо баровард вазир.
– Ташаккур, дӯсти ҷавонмардам! – дасти мӯйсафедро фишурд Сарвазир…
Вақте ҳама саросема бадар рафтанд, Сарвазир танҳо монд. Ёварашро ҷеғ зад:
– Ман ба шарофати ҳайвонот саҳар наҳориро ҳам фаромӯш кардам. Дар ин даргоҳ ақаллан чой ё қаҳва, нону ҳасибу панир ёфт мешавад?
– Албатта, ҷаноби Сарвазир! Ҷаласаи фаврӣ гуфта, соат понздаҳ шудаасту ғизохӯриро аз ёд баровардаем, – посух дод ёвар.
– Худо кунад, таҷрибаи дӯсти ҷавонмардам ёрӣ расонад. Вагарна аз гулӯям об ҳам намегузарад. Ҳодисаро, ки бартараф кардем, ягон рӯзи истироҳат ҳатман ҳамроҳаш ба шикор меравам!.. Ҳатман!
– Ман, ки саводи казоӣ надорам, чаро кӯшиши хондани асрори муҳри тиллоии суми тойча кардам, – маломат мекард худро гурги нодону аблаҳ…
Шом фаро меомад.
Вақте даҳҳо шеру паланг, хирсу гург, маймуну шутурмурғ, рӯбоҳу шағол, хуллас кулли ҷонварони зоҳиран шаҳрро зери тасарруфи худ гирифта, тариқи мониторҳои бешумори кӯчаву хиёбонҳо шуниданду диданд, ки фарзандонашон ба асари сӯхтори зоопарк дар талвосаи ҷон худро аз гӯшаи қафаси оҳанин ба кунҷи дигараш мезананд, аввал ба ҳайрат афтоданд, сонӣ гӯё оқибати хатари бар сари ҷигарбандонашон фурӯ омадаро дарк намуданд, зоҳиран таҳти амри ягона ҳар яке ҷониби ҷазира тохтанд. Кӯр-кӯрона медавиданд, мехостанд зудтар ба он макони оташгирифта расанд ва зодагони азизи худро наҷот диҳанд.
Мардуми тасодуфан дар сари роҳашон дучор омада, бехабар аз асли ҳол, ба чаҳор сӯ мегурехтанд, бархе аз канор, балкони хонаҳои баландошёнаашон бо ҳаяҷон ва тарсу бим наззора мекарданд. Ҳеҷ сарфаҳм намерафтанд, ки ин ҳайвонҳои сарҳуймонда чаро ба як самт босуръат раҳ мепӯянд.
Тамоми қаламрави мегаполис ба ҳамин ҳол афтодаву дар чашм муаммо метофт.
Чароғҳои симчӯбҳои зебову замонавии шаҳр рӯшан шуданд.
Одамон гумон мебурданд, ки шояд минбаъд ҳар рӯз чунин хоҳад буд. Ҷонварон кай хоҳанд, ба куҷо хоҳанд, чорхез зада, ҷомеаро безобита кардаву ба бузбозӣ андохта метавонанд.
Мардуми содаву зудбовар осон ба ин ё он зуҳурот одат карда, эътимод мебастанд, эътимод ҳам набанданд, бепарвою бетараф мемонданд, «ҳаволааш ба Худо!» гӯён аз пайи кору тараддуди рӯзмарраи хеш мешуданд.
Ҷонварони зоопарк аз ин огаҳӣ надоштанд, онҳо дар ғами аз оташ эмин мондани бачаҳояшон, фақат як фикр онҳоро азоб медод – баҳри наҷоти ҷигарбандони ночору ба коми оташ афтода заррае мадад расонида метавонанд ё на!
Онҳо беист ҷонҳолона медавиданд. Ягон ҷонвар ба ҷонвари дигар аҳамият намедод, чун ҳамаашон побанди як офати балохез буданд.
Лаҳзае ки онҳо ҳаллосзанон яке паси дигаре аз чаҳор роҳраву дарвоза вориди ҳудуди зоопарк гардиданд, ба чашми худ боварашон намеомад: дар гирду атрофи он аз алангаи оташ нишона набуд. Бо вуҷуд худро ба қафасҳо заданд, даруни қафасҳои хурди шафати худ фарзандонро беосеб, орому осуда диданд, дилашон ба ҷояш афтода, набзашон оҳиста-оҳиста ба мароми табиӣ даромад.
Танҳо пай бурданд, ки дарҳои қафасашон, ки рӯзи дароз боз монда буданд, гӯё бо ишораи кадом ҷонзоте сахт шақаррос зада, маҳкам гаштанд. Ҳарчанд ин иқдом ҳеҷ зарурату маъное надошт, чунки ҳаваси боз берун рафтану бо худсариҳо машғул шудан надоштанд...
… Одами ҷавон ин манзараро саропо ба навор мебардошт, андак хотираш ҷамъ шуд, ки ба ҳар ҳол ҷонварон ба манзили худ баргаштанд. Вале кадом хавфи ноаёнро эҳсос менамуд.
Ин лаҳза телефонаш ларзид. Дар экран симои бобояш падид омад.
– Ту дар куҷоӣ? Сиҳат-саломатӣ?
– Бале. Ман дар майдон… – ӯро аз дурӯғи ба забон овардааш хиҷолат фаро гирифт. – Тақдири ҳайвонҳо чӣ шуд?
– Ҳамаашон баргаштанд. Зоопарк аз нав пури ҷонвар…
– Хайр, оқибаташ ба хайр шавад. Шумо худро эҳтиёт кунед. Дари қафасҳоро…
– Мефаҳмӣ, аҷоиб, ки ҳамон ғӯлҳо дари қафасҳоро як-як маҳкам бастанд, кори маро осон карданд.
– Куҷоянд ҳоло он ғӯлҳо? Мабодо ба шумо зарар расонанд…
– Не, хавотир мабош. Онҳо тавре ноаён пайдо шуданд, ҳамон тавр ғайб заданд, гӯё ба қаъри замин сарзер рафтанд.
– Аҷоиб…
– Ман худам ҳайрон. Дар зоопарк касе нест, ки мушоҳидааму аҳволро радду бадал кунем...
– Шумо ҳам ба хона равед. Пагоҳ ягон гап мешудагист.
– Як зоопаркро тоб хӯрам, баъд фикр карда мебинам.
– Аз бало дуртар гиред худро, бобо. Илтимос, ба хона равед, ки …
– Дар қиёси балое, ки имрӯз бархоста, шаҳрро саропо валвала ангехт, садҳо одам бар касофати исёни ҳайвонот мурданд, боз бадтар шуданаш имкон дорад?..
– Кӣ медонад? Вазъият то ҳанӯз ноором метобад. Ҳаяҷони шаҳр фурӯ нашиштааст.
– Ҳарчи бодо бод, ҷони бобо!
– Худованд нигаҳбонатон!..
Одами ҷавон болои дидбонгоҳи сунъии болои дарахти ҳавлибоғи зоопарк оростааш дурбини ҳарбиёнро ба чашм бурду аз нав ба назорат пардохт: ҳар ҷонвар рост меистод, гӯё шах шудаву ба шакли ҳайкал даромада бошад.
Дурбинро аз даст монд… Ва бадоҳатан, гӯё чизи аз назар дурмондае ба ёдаш расид, боз ба чашм бурд.
Тамоми фазои зоопарк сабзрангу рӯшан метофт. Яке ба чашмаш расид, ки сӯи дарвоза кадом ҷонзоте мехазад. Ба самти дигар дарвозаҳо нигаҳ афканд: он ҷоҳо низ якнафарӣ мехазиданд.
Одами ҷавон ба наворгирӣ шурӯъ кард. Тасаввур намекард, ки чӣ ҳодиса рух медиҳад. Хаёлаш, онҳо ҳамон ғӯлҳои ба чашми бобо тофтаанд ва шояд аз нав дари қафасҳоро мекушоянд.
Вале ҳайҳот, онҳо ғӯл не, балки одамони либосашон сиёҳу ниқобпӯш, басо чолок, силоҳи беовоз ба даст буданд. Онҳо ғайричашмдошт дари қафасҳои оҳанинро накушоданд, наздик рафта, аз чаҳор сӯ ба як-як парондани он ҷонварони баҳри халосии фарзандонашон ба манзили доимии хеш баргашта шурӯъ намуданд...
Худоё! Чӣ хунсардие! Сабт мекард, ки чӣ тавр моҳирона, бо шавқу завқ ба сару гардани ҳайвонот тир мекушоданду он ҷонварони аз бозии одаму оламу тақдир бехабар аз пой афтода, ба чашмони ҳайратзада ба осмони соф нигариста, ҷон меканданд, ҷон меканданд…
Ҳамзамон ҷон дар лаб баъзеашон медиданд, ки ба сари он фарзандони даруни қафаси шафат буда низ мили таппончаи беовози худро рост мекунанд, бечораякон, ки ҳанӯз боре аз дохили қафас ба озодӣ набаромадаанд, чӣ будани озодиро намедонанд, бар асари зарби ҷонкоҳи тир тарап-тарап меғалтиданду пойзанон мемурданд…
Одами ҷавон аз наворгирӣ боз намонд.
Кадом рагу пайи баданаш ноаён дарак мефиристод, ки ин анҷоми фоҷиа не…
Лекин одамони сияҳпӯши ниқобдор аз ҷои ҳодиса ноаён ғайб заданду лаҳзае пас ду ё се нафари ба онҳо ҳамшабеҳ дар даст силоҳи автоматмонанд аз куҷое падид омаданд. Онҳо магар мурдаи ҷонваронро мепаронанд?
Аз нӯги мили автомати онҳо дар ин шаби торик (чунки ногаҳон шабакаи барқии шаҳр аз кор монда буд) аслан тир неву оташ меборид.
Ҷасади ҳар ҷонвар месӯхт. Дуди сиёҳ бар осмон мепечид…
Одами ҷавон наворбардориро қатъ кард.
Ба бобояш занг зад.
Телефони бобо посух намегуфт.
Садои занг дили шабро рахна мезад. Вале бобо ҳам, ки қатори ҷонварони беҷони зоопарк рӯ ба само мехобид, илоҷи ҷавоб додан надошт.
Шаҳр ба мавҷуди кару гунгу кӯр табдил ёфта буд.
Бойигарии зоопарк ба коми оташ фурӯ мерафту ба ғайр аз одами ҷавон касе гӯё алангаи онро намедид. Ва дилаш намесӯхт.
Одами ҷавон нисфишабӣ танҳо ба дарунтари мавзеи зоопарк рафт, ҳар ваҷаби замини онро дар торикӣ палмосида-палмосида ҷасади тирхӯрдаю сӯхтаи бобояшро ёфт, талх-талх гирист, дар кунҷе, ки аз об дуртар аст, бо алам ба хок супорид.
Субҳи козиб медамид.
Ба рӯҳи покаш дуо фиристод.
Бигузор касе надонад, ҳатто падару модару хоҳарам, бигузор гумон баранд, ки бобо ба шикор рафтаву гумном шудааст. Дардашон зудтар коҳиш меёбад.
Инсон бори нахуст ҳангоме уштурро дид, тарсида, фирор кард, сипас ба одати нармаш унс гирифт, чун фаҳмид, ки ҳайвони комилан беозор аст, далер шуда, дар даҳони ҷонвар маҳор андохт ва фарзандашро болои ӯ савор карда, ба роҳ даровард…
Рӯзи дигар дар кулли расонаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои интернет низ хабари расмӣ интишор ёфт. Тибқи он мардум огаҳӣ ёфтанд, ки шабона ба сабабҳои алҳол номаълум зоопарк оташ гирифта, кулли ҷонварон сӯхтаанд. Ва мақомоти дахлдор сабабҳои сар задани ин ҳодисаро тафтиш менамоянд…
Инчунин дарак доданд, ки роҳбарони боғи ҳайвонот дастгир шудаанд ва дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Ва тамом!
Шервон ҳанӯз чашми рӯз накафида, ба манзили бобояш омад. Тамоми бисоти хона тартибу низоми хоса дошт. Мӯйсафед дар мобайни мизи калони ду нӯгаш даврапеч акси оилавию чаҳорчӯбааш зарандударо гузоштааст. Дар он бобо, бибӣ, писарашон, Шервону хоҳарчааш акс ёфтаанд. Бобо бо ҳамон ваҷоҳати ҷиддияш андак табассум мекард…
Ва дар паҳлӯи он лифофаи калон… Шервон онро кушод. Васиятномаи мӯйсафедро хонд. Бори нахуст дар зиндагиаш худро танҳои танҳо эҳсос намуд. Чеҳраи бобояшро пеши назар овард. Сонӣ оббозӣ кард ва ба кор рафт…
Агар Инсон қодир мебуд, дар қатори аспу гов, уштуру саг, гурбаву гӯсфанд кулли дигар ҷонваронро ба ҳайвони хонагӣ табдил медод ва тавозуни табиатро саропо вайрон мекард…
Соате пас сабти асли воқеаи хунину фоҷиаангези зоопарк – қатли беамони ҷонварон ва сӯзондани ҷасади онҳо дар шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо шуд. Ин бераҳмӣ ҳамаро дар кунҷу канори сайёра ба ларза овард. Сарвазири мамлакат вазъиятро шарҳ дода, айбу гуноҳро ба гардани ғӯлҳои аз пушти кӯҳи афсонавии Қоф фаромада зад, яъне аввал бо ҳайвонот забон як карда, ҳамаро ба кӯчаҳо бароварданд, сипас онҳоро бераҳмона паронданду сӯзонданд…
Солҳои 2015-2016